formula55
САНГСОРАМ КУНАНД ҲАМ ДӮСТАТ МЕДОРАМ
10.04.2021
ОИЛА
3328


Мехоҳам туро ба пуррагӣ аз хонаи қалбам, аз ёду хаёл ва тору пуди вуҷудам дур созам, аммо наметавонам. Наметавонам бидуни ёди ширинат ҳатто як нафас кашам. Пайваста ҳушу хаёлам банди туст. Мехоҳам рӯ ба рӯям бошиву ашки хунини бари рухсорам чакида бо чашми худ бубинӣ, то бидонӣ, ки чи қадар сахт дӯстат медорам.

Туро аз даст додаму зиндагиам дӯзах гашт, ёри бевафо! Аз оташи ҳаҷрат он қадар месӯзам, ки гулхани фурӯзонро алангаи дилам ба ҳайрат меояд. Наход тамоми умрам бо ашк рехтан ба ёди туи сангдилу бевафо бигзарад? Наход Худованд маро танҳо барои ашки фироқ рехтан офарида бошад?! Наход умре дар оташи ишқат бисӯзаму дили хоросангат ба ҳолам насӯзад?! Наход сарнавишти ман танҳо аз ғам сиришта шуда бошад?! Наход дилат заррае ба ман насӯзад?

Азизам, ҳарчанд заррае фикри маро дар сар надорӣ ва ба муҳаббатам бовар надорӣ, ҳарчанд қадрамро намедонӣ, интизорат мешавам! Интизор мешавам ба умеде, ки рӯзе Худованди меҳрубон дили сангинатро нарм ва ба мани ошиқ моил месозад. Шояд ин сатрҳоро хонда, маро аҳмақ мепиндорӣ, вале бидон, ки то рӯзи қиёмат даст аз домонат нахоҳам кашид! Сангсорам кунанд ҳам, дӯстат медорам! Девонаи ишқатам, магар хабар дорӣ, ай ёри номеҳрубон?!
Заррина Шукурова!    

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД