Сарамро ба куҷо занам?
23.11.2025
Oila.tj
328

Ассалому алайкум, илтимос номамро махфӣ гузоред. Оилаи обод дорам, аммо ҳамин зани ҳеварам, яъне зани бародари шавҳарам доимо маро бо шавҳарам, хушдоманам туҳмат карда, ҷанг меандозад.

Ҳатто то ҳамин дараҷа аз Худо наметарсад, ки дар хонаи ман як лухтакро бо сӯзанҳои халида оварда мондааст, ман ку ба ягон фолбин ихлос надорам, аммо ӯ дар ҳилла гум аст.

Ин зани ҳеварам духтари тағои ман мебошад. Баъди маро арӯс карда овардан ӯро барои бародари шавҳарам, ки нав аз Русия омада буду дар тӯйи ман ӯро дида ошиқ шуда буд, хостгорӣ карданд. Ман фикр кардам, ки духтари тағоям ба ман мисли хоҳар мешавад, аммо ҳайҳот, як мори заҳрнок. Ба хӯроки пухтаи ман доимо намак меандозад, либосҳои шустаи маро гирифта аз тор ба замин барқасд меафтонад, кӯдаконамонро ҷанг меандозад.

Хулоса чандин сол аст, ки хуни маро мемакад. Ба шавҳарам гуфтам, ки биё аз ин хона равем, алоҳида зиндагӣ кунем, мегӯяд ки ман аз падару модарам ҷудо намешавам.

Дирӯз бо кафгир бачаамро задааст, дигар тоқатам тоқ шуду ман ҳам бо кафгир худи ӯро задам. Шавҳараш ба ҷойи насиҳат бо ман ҷангу ҷанҷол кард. Хушдоманам ҳам ӯро гӯш мекунад. Ҳаётамро сӯзонида истодааст.

Чӣ кор кунам?

МАХФӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД