“Сардор” бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон баромад
11.12.2025
Oila.tj
104

Барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бошгоҳи Сардор-и шаҳри Турсунзода дар бозиҳои гузаришӣ бинобар натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи “Хулбук”-и ноҳияи Восеъро мағлуб карда, дар мавсими оянда ҳуқуқи баромад дар Лигаи олии Тоҷикистонро ба даст овард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ғолибият дар бозиҳои гузаришӣ боиси натиҷаи таърихӣ барои “Сардор” гардид. Ин бошгоҳи Турсунзода, ки соли 2022 таъсис ёфтааст, бори аввал дар таърихи худ дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад хоҳад кард.

Ҳамин тариқ, «Сардор» дувоздаҳумин дастае шуд, ки дар чемпионати лигаи олии Тоҷикистон-2026 иштирок хоҳад кард. Ҳамчунин «Парвоз», ки ғолиби лигаи якум-2025 гардидааст, ба лигаи олӣ роҳ ёфт.

Тибқи мавсими-2025 «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) тарки лигаи олӣ намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД