formula
САРМУҲОСИБИ БОНК ЧАРО ХУДРО ОВЕХТ?
10668


Худкушӣ амали номатлубест, ки онро тамоми динҳои олам маҳкум намудаанд, аммо новобаста ба ҳама таъкидҳо дар бораи манъ будани ин амал, афроде пайдо мешаванд, ки риштаи ҷонашонро бо дасти худ бурида, ин дунёи бевафоро абадан тарк мегӯянд.

Бештар занону духтарон дар ҳалли ин ё он мушкил оҷиз монда, худро аз ҳаёт маҳрум месозанд, аммо баъзан осиёби зиндагӣ иродаи оҳании мардро низ шикаста, ба худкушӣ кардан маҷбураш месозад.

Субҳи 30-март аз маҳаллаи Сабзкори пойтахт, аниқтараш аз соҳили дарёи Душанбе ҷасади марди ношиносеро пайдо намуданд, ки худро овехта буд. Пас аз як шабонарӯз шахсияти ҷасад муайян гардид.
Маълум шуд, ки марди худкушӣ намуда Икром Ҷабборзода буда, қаблан ба сифати сармуҳосиби филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Ҷаббор Расулови Вилояти Суғд фаълият доштааст. Шаш моҳ қабл Ҷабборзода бо сабабҳои номаълум аз вазифа барканор шудааст.
Сабаби худро овехтани собиқ сармуҳосиби бонк ҳанӯз маълум нест, вале Сптуник дар такя ба манобеи худ навиштааст, ки эҳтимол нокомӣ дар тиҷорат ӯро ба худкушӣ водор карда бошад,
“Бархе аз манобеъ мегӯянд, Ҷабборзода чанд вақти охир барои харидории як бино аз тариқи музояда азм дошт, вале кораш аз дасти баъзе миёнравҳо ба мушкил печида буду дар ниҳоят бино ва пули харҷкардаашро гирифта натавонист".
Таштифоти ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД