Сармураббии нави “Барселона” Хавйер Паскуал таъин шудааст
14.11.2025
Oila.tj
59

Мутахассиси испаниии 53-сола Хавйер Паскуал сармураббии нави дастаи баскетболи “Барселона” таъин шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии клуб хабар додааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, шартномаи Паскуал то соли 2028 амал хоҳад кард. Аз соли 2004 то 2005 ӯ роҳбари дастаи “Барселона Б” буд, сипас аз 2005 то 2008 дар ҳайати асосӣ ҳамчун ёвари сармураббӣ фаъолият дошт. Дар солҳои 2008-2016 бошад, сармураббии асосии даста буд.

Бояд гуфт, ки аз соли 2020 то 2025 Хавйер сармураббии тими баскетболи “Зенит”-и Санкт-Петербург буд. Дар мавсими ҷорӣ пас аз гузаштани 10 бозии Евролига-2025/2026 каталониҳо 6 пирӯзӣ ва 4 бохт ба даст оварда, дар ҷадвал зинаи шашумро ишғол мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД