new banner new years
Сарнавишти талхи модари бедандон (ҚИСМИ 1)
06.11.2024
Ардашер
1695

 -Ассалому алайкум бобои Ҳофиз. Чӣ ҳол доред, сиҳату саломатед?, - шишаи дари сабукрави тамғаи "Ранҷровер"-ро поён фароварда, ҳолпурсӣ кард Ҷасуо мӯйсафеди асобадасте, ки қадамзанон мерафт.

- Э воалейкум бар салом! Худат хуб ҳастӣ Ҷасурҷон?

-Раҳмат бобоҷон, пои пиёда дар ин сардии ҳаво ба куҷо равонед?

-Ба куҷо ҳам мешавад ҷони бобо, ба хонаи охирати модарам. Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа сари қабраш мераваму ба рӯҳу арвоҳаш дуову фотиҳа карда меоям. Бо ҳамин каме бошад ҳам, худро сабук ҳис мекунам. Кошкӣ модарам дар наздам мебуд ва дастони мӯъҷизаосояшро ба дидагонам молида аз дидораш сер мешудам, - мӯйсафед ин суханонро гуфту беихтиёр дидагонаш аз ашк пур шуданд. Вай оҳи сарде кашида ба суханаш идома дод,- Ҷасурҷон, бачам, ба пирии ман назар накун! Инсон дар кадом сину соле набошад, мӯҳтоҷи меҳру муҳаббат ва дастони пурнавозиши модар мешавад. Ҳар лаҳзаву ҳар соат набудани ӯро эҳсос мекунад. Холигии ҷойи ӯро касе ё чизе пур карда наметавонад. Мани мӯйсафед соҳиби чандин набераву абера шуда бошам ҳам, ҳанӯз дилам ба ёди модарам гум мезанад. Чеҳрааш доим дар пеши назарам намудор мешаваду мехоҳам аз дастони пурэъҷози ӯ дуо гирам, вале ҳайҳот... Мӯйсафед ин суханонро гуфту каме сукут кард ва рӯймолчаашро гирифта, ашкҳои рӯяшро шустаро поккунон ба ронанда рӯй овард:

- Ҷасурҷон, писарам медонӣ, ки ману ту солҳост, ҳамсояи девор ба деворем. Аз ҳолу аҳволи ҳамдигар низ хуб огоҳем. Хоҳу нохоҳ садои мо ба хонаи Шумо ва садои Шумо ба хонаи мо меояд. Ҳамин саҳар шоҳиди муноқишаи туву модарат шудам, тинҷӣ буд?

-Тинҷӣ. Занҳоро медонед-ку, аз пашша фил месозанд, - бепарвоёна посух дод ҷавон. - Ҳамин рӯз ҳам модарам "дилам ким чӣ хел сиёҳ шуда истодааст, имрӯз кор нарав, ба дидорат сер шавам" гуфта ҳунггосзанон гиря карданд. Тавба, гӯё дигар ҳамдигарро намедида бошем. Охир як рӯз ба кор наравам, чӣ қадар зарар мебинам. Худатон медонед-ку. Ғайр аз ин бо келинатон ҳар рӯз моҷарою ногапӣ. Баъзан аз суханонам меранҷанду қаҳр кардагӣ барин мешаванд. Кору рафторашон айнан мисли кӯдакон шудааст. Одӣ карда гӯям, инҷиқ шудаанд.

-Бале Ҷасурҷон, одамизод замони пирӣ каме инҷиқ мешаваду кӯдакфеъл. Фарзанд бояд ин ҳамаро дарк намояду таҳаммулу тааммул кунад. Медонӣ инсон ба қадри ҳама чиз баъди аз даст рафтани он мерасад. Ман ҳам қадри модарро пас аз маргаш дарк кардам. Ба қадраш ба он дараҷае, ки бояд мерасидам, расида натавонистам ва як умр пушаймону ҳасрати онро мехӯрам. Мани шӯрбахт модарамро аз хурдӣ хеле озор додаам. Аз ин рӯ, ба ҳар ҷавон маслиҳат медиҳам, ки дар зиндагӣ ба чунин хато роҳ надиҳад, -мӯйсафед сукут карду гӯё ҳама ғаму аламашро фурӯ бурд.

- Нафаҳмидам, чӣ хел озор? Каме кушоду равшан гап занед! - Ҷасур саргузашти мӯйсафедро донистан хоста кунҷковона пурсид.

- Эҳҳҳҳ писарам, рӯзу рӯзгори маро напурсу дарди кӯҳнаамро дубора рӯ назанон. Бе ин ҳам ҳар лаҳзаву ҳар соат саҳифаҳои тираи зиндагиям пеши назарам меоянд ва вуҷудамро ғам, тарс ва пушаймониву таассуф фаро мегирад. Агар ақлу дарки ҳозираам мебуд, модарамро тоҷи сар мекардам.

- Чӣ магар модаратонро озор медодед?

- Хеле мутаассифам, вале ҳамин тавр. Фикр мекунам ягон фарзанд мисли ман модарашро наозурдааст. Модарам фаришта буд, фариштаи меҳр, вале ман ба ӯ шайтонсифатона муносибат мекардам.

Медонӣ писарам ман дар оилаи камбизоат ба воя расидаам. Волидайнам хеле камбағал буданд. Падарам бо мардикорӣ рӯзғорро меҷунбонду деги сиёҳамон меҷӯшид. Баъзан вақт дар хонаамон нон ҳам набуд.

(Давом дорад)

Ардашер

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД