Сарояндаи машҳури тоҷик Фирӯз Палаев дирӯз, дар синни 45-солагӣ вафот кардааст. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ дӯстону наздикони сароянда хабар доданд.
Нобовар Чаноров, роҳбари гурӯҳи бадеии “Шамс” ва яке аз хешовандони сарояндаи марҳум низ даргузашти Фирӯзро тасдиқ кардаву гуфтааст, ки саҳари рӯзи сешанбе вазъи ӯ бад мешавад ва ба дармонгоҳ муроҷиат мекунаду баътар дарди дилаш хуруҷ карда, аз дунё мегузарад.
Ёдовар мешавем, ки Фирӯз Палаев фарзанди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Душанбе Палаев аст.