Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон барои ҳисоб кардани саршумори бузи "Морхӯр" кормандонашро ба минтақаи баландкӯҳи кишвар фиристодааст.
Гуфта мешавад, ки чунин тасмим барои муайян намудани вазъи воқеии саршумори бузи кӯҳии морхӯр, ҳифзи гуногунии биологӣ ва роҳҳои ҳифзи ин ҷонвари нодир зарур аст.
Бино ба маълумоти Агентии омор, давоми даҳ соли ахир саршумори бузи "Морхӯр" дар Тоҷикистон аз 1900 то 6827 сар зиёд шудааст.
Морхӯр аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонварони шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад.