arzon replenishment
Сарвони дастаи “Истиқлол” кист?
727

Алишер Ҷалилов - футболбози тоҷик, нимҳимоятгар ва ҳамлагари бошгоҳи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон беҳтарин нимҳимоятгари Лигаи олӣ мебошад.

Алишер Ҷалилов 29-уми августи соли 1993 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз хурдӣ ба футбол шақу завқи зиёд дошт. Ӯ дастпарвари бошгоҳи тоҷикистонии “Алмосӣ”-и Душанбе буд.

Соли 2004 Алишер Ҷалилов ба Маскав кӯч баст. Аз он вақт инҷониб дар мактаби варзишии наврасони «Локомотив»-и шаҳри Маскав таҳсил карда, соли 2009 ба тими ҷавонони Рубини Қазон ҳамроҳ шуд. Аввалин маротиба 18-уми июни соли 2011 дар ҳайати асосӣ дар бозии меҳмонӣ бо «Ростов» вориди майдон шуд. Ӯ дар дақиқаи 90-уми бозӣ ба ҳайси эҳтиётӣ ба майдон баромад, аммо барои ягон амали муассир фурсат наёфт.

Соли 2012 ӯ ба дастаи «Нефтехимик»-и Нижнекамск иҷора дода шуд, ки дар ҳайати даста 28 бозӣ анҷом дода, 2 гол задааст. Вай беҳтарин бозигари ҷавони мавсими FNL дар солҳои 2012-13 эътироф карда шуд.

Бо гузашти як мавсим, тобистони соли 2013 ӯ ба Рубини Қазон баргашт ва алакай дар даври 2-юми Чемпионати Русия дар дақиқаи 66-ум ба ҳайси эҳтиётӣ ба майдон баромад.

Бо гузашти солҳо Алишер Ҷалилов ба Тоҷикистон баргашт ва бо тими “Истиқлол” шартнома ба имзо расонид.

Дар соли 2021 Алишер Ҷалилов ҷоизаи беҳтарин бозигари сол дар Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ боз дар чандин дастаҳои берун аз кишвар, аз қабили Румин-2, Балтика, АГМК-и Ӯзбекистон бозӣ кардааст.

Айни ҳол ӯ дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба ҳайси сарвони даста ҳунарнамоӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД