Саудӣ ба беш аз 7 ҳазор оила дар Тоҷикистон ёрии башардӯстона медиҳад
31.12.2025
Oila.tj
201

Маркази имдоди Арабистони Саудӣ барои беш аз ҳафт ҳазор оилаи камбизоат дар Тоҷикистон ёрии башардӯстона медиҳад.

Намояндагони Маркази имдоди Шоҳ Салмон 30-юми декабр зимни ҳамоише дар Душанбе гуфтаанд, ки ба 35 ҳазор кас 7060 сабади хӯрока тақсим карда мешавад.

Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ки маблағи кумакҳо 350 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Қарор аст ин ёриҳо дар арафаи моҳи Рамазон аз тариқи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба камбизоатон тақсим карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД