Formula september
Савоби садақа кардан дар Рамазон
889

Дар як ҳадис омадааст, ки ба зимаи ҳар мусулмон як миқдор садақа додан зарур аст. Расули Акрам (с) ҳамеша дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсони зиёд мекарданд. Шахсе арз намуд:

-Эй Расули Худо (с) касе мол надошта бошад, чӣ кор кунад?

Расули Худо (с) фармуданд: -Бояд ба даст меҳнат карда, ҳам зарурати худро бароварда созад ва ҳам садақа намояд. 

Нафаре пурсид:-Эй Расули Худо (с), агар касе узр дошта бошаду меҳнат карда натавонад-чӣ? 

Расули Акрам (с) гуфтанд:-Бояд ҳоҷати мусулмонеро барорад, ки ин ҳам садақа аст. 

Боз шахсе пурсид:-Эй Расули Худо (с), агар инро ҳам натавонад-чӣ?

Расулуллоҳ (с) фармуданд:-Сухани нек гӯяд… Агар инро ҳам натавонист, ба касе зарар нарасонад, ки барои ӯ ин ҳам садақа аст. 

Бояд садақаву эҳсон аз моли ҳалол карда шавад. Худованд садақаеро ба даргоҳаш қабул мекунад, ки ҳалол бошад.

Суфёни Саврӣ (р) мефармояд: «Касе ки моли ҳаромро садақа кард, гӯё либосашро пок мекунад ва он либос бе об пок намешавад. Гуноҳ ҳам бе моли ҳалол бахшида намешавад!»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД