goodwell
Се хонандаи “Ҷавонӣ” дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ ғолиб омаданд
21.04.2026
Oila.tj
118

Имрӯз дар Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд маросими истиқболи идонаи ғолибони Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 10-уми литсей, барандаи Стипендияи Президентӣ Шоистахон Мухторова аз фанни забони англисӣ, хонандаи синфи 9 Некрӯз Нуров аз фанни забони англисӣ ва Абдуҳаким Раззоқзода аз фанни технологияҳои иттилоотӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ ғолиб омада, ҳарсе мақомҳои ифтихорӣ, яъне сазовори ҷойи 3-юм ва медали биринҷӣ гардидаанд.

Аз ҷониби литсей ба хонандагон Ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд, инчунин ба волидайни онҳо Сипосномаи муассиса супорида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД