arzon replenishment
Се тифли гумшударо Оила пайдо кард
5423


Ин субҳ садои гиряолуди зане мо- кормандони сомонаи ОИЛА- ро ба изтироб андохт.

Ӯ гиря мекард ва миёни гиря раҳмат, раҳмат мегуфт.
- Чӣ шуд,- пурсидам аз ӯ.
- Раҳмат, - ёфтам гуфт.
- Чиро ёфтед?
- Се фарзанди гумшудаамро.
- Шумо апаи Гулсара?
- Ҳа, ман Гулсара.
Чор рӯз пеш зане ба сомонаи Оила-тч омада буд.
Чанд соат мо бо ӯ суҳбат дошта будем. Ва маводи муфассале дар бораи гум шудани се фарзандаш- Суҳроб, Рустам ва Худойдоди 4-сола чоп намудем.


Писари 12 солааш Суҳроб соле қабл ду ҳафта бе дарак буд ва баъди ёфт шуданаш аз ҷониби кормандони милитсия ба мактабати кӯдакони душвортарбия бурда шуда буд. Инак ин навбат ӯ ҳамроҳи ду бародари хурдсолаш бедарак гаштааст.



Баъд аз гузаштани андаке вақт Гулсара Сироҷова ором шуд.

- Чӣ гуна, аз куҷо фарзандонатонро пайдо кардед? - Пурсидем аз ӯ.
- Баъд аз чопи мақола дар сомонаи Оила.тч ҳама мақомот ба таку дав даромаданд. Одамони зиёде телефон мекарданд, мепурсиданд, ки чӣ кӯмак карда метавонанд. Рӯзи 10 август як одам телефон карда, ба мо хабар дод, ки бачаҳома дар назди Боғи ҳайвонот дидааст. Бо хешу табор ҳама ҷоро кофтем. Аммо пайдо нашуд. Шаш рӯз об ба даҳон набурда, фарзанд кофтем. Шабро шаб нагуфта, дар кӯчаҳои шаҳр “писаронама ёбед” гӯён, доду фиғон кашидам. Мақомотҳои корҳои дохила ҳам мекофтанд. Рӯзе як нафар хабар дод, ки бачаҳотона дар назди чойхонаи “Роҳат” дидем. Пар бароварда, давидам.
Баъди он ба назди чойхонаи Роҳат рафта, шоҳиди зинда будани фарзандонам шудам. Медонед чӣ хел хурсанд гаштам. Тасвир карда наметавонам. Фарзандони ман дар ин шаш рӯзи бедарак буданашон шабҳоро дар таҳхонаҳо саҳар карда, гуруснаву ташна хобидаанд. Як духтараки дигар низ ҳамроҳашон будааст. Милиса ӯро ба дасти волидонаш супорид. Худойдодам сару рӯяш харошида, либосҳояш дарида ва аз гуруснагӣ мисли заргӯш дарақ-дарақ меларзид. Агар як рӯзи дигар дер мекардам, ҷигарбандонамро аз даст медодам.
Хушбахтона ҳамааш пушти сар шуд, ман фарзандонамро пайдо кардам. Раҳмат ба посбонони чойхонаи “Роҳат”, ки ба фарзандонам нон дода, онҳоро гурусна нагузоштанд. Раҳмат ба сомона ва газетаи “Оила”, ки дар пайдо кардани фарзандонам ба мани муштипар кӯмак расонидед.
- Айни ҳол онҳо дар куҷоянд? Чӣ аҳвол доранд?
- Хона овардем.
- Напурсидед, ки кӣ онҳоро дуздида, дар подвали чойхонаи “Роҳат” пинҳон кардааст?
- Ҳеҷ кас надуздидааст. Бачаи калонем Суҳроб онҳоро ба ин роҳ бурдааст. Вай гапа гӯш намекунад, якрав. Додароша гуфтаст, ки биёед мегурезем, моя мекобанд, баъд ҳар чӣ гӯем, бароямон мехаранд, падарам азоб намедиҳад.
- Падараш чӣ кораанд?
- Падараш майзада. Аз дасти вай фарзандонамро ҷон ба лабашон расидагӣ. Писари калониям Суҳробҷон, ки борҳо чунин рафтор карда буд ва ислоҳ шудааст гуфта, ӯро аз мактаби душвортарбия бароварда будам, боз ҳамон рафторашро такрор кардааст. Додаронашро гирифта, аз хона гурехта пинҳон шудааст, ки ӯро кобанд. Бо ҳамин мақсад додаронашро аз хона дуздида, шаш шабонарӯзро дар кӯчаҳои шаҳр саҳар кардаанд. Ман писарамро барои ин рафтораш бо мушту лагад ё ин ки чӯбу занҷир ҷазо надодам, ӯро ба ҳамон мактаби душвортарбия бурда мондам, то хатогияшро дарк карда, пурра одам шавад.
- Худатон чӣ кора ҳастед?
- Медсестра дар бемористони “Истиқлол”.
Сомонаи Оила рӯзҳои наздик аз мактаби талабагони душвортарбия, ки дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо Суҳроб ҳамсуҳбат мешавад ва маводи онро ба хонандагони сомонаи OILA.TJ пешниҳод мекунад.
Бо мо бошед!
Сомонаи oila.tj

Хондани маводи зеринро тавсия медиҳем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Меҳриниссо 2019-08-14, 20:16
Бечора кудако мумкин ки боз мегурезанд аз дасти падари алкашон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Меҳриниссо 2019-08-14, 20:16
Бечора кудако мумкин ки боз мегурезанд аз дасти падари алкашон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД