arzon replenishment
Сел нишонаи харобист?
10.06.2023
ОИЛА
1203

Дишаб хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам борони сел чунон бошиддат меборид, ки хонаҳо ҳама зери об монданд. Селобаи хеле бузург ҳар чизе аз пеши роҳаш баромадаро шуста мебурд. Одамони зиёде доду фиғон кашида, кӯшиш мекарданд аз ин сели бало, ки мисли аждар фашшосзанон ҳама чизро ба коми худ кашидан мехост, мегурехтанд. Ман ҳам қатори дигарон ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳода будам, вале дар ёдам нест, ки бачаҳоям ҳамроҳам буданд ё не. Қариб буд, ки аз тарс дар хоб дилкаф шавам. Сахт ошуфта ҳастам, метарсам, ки ягон фалокати азиме ба сари ман ва ё аҳли оилаамон наояд. Илтимос, бигӯед, ки сел дар хоб чӣ таъбир дорад?

Бибираҷаб, аз н. Рӯдакӣ

Дар хобномаҳои исломӣ омадааст, ки борон дар хоб рамзи оби дида аст. Зан хоб бинад, ки борони сел борида истодааст ва оби дарё аз соҳилаш баромада, селобаи бузурги пур аз лою ифлосиҳо равон асту одамони зиёде доду фарёд зада истодаанд, бадхоҳонаш дар борааш ягон туҳмату бӯҳтон паҳн мекунанд ва атрофиён шахси хобдидаро дар ҳама ҷо муҳокима карда, ба қавле ба сари забони мардум меафтад.

Чунин хоб боз як таъбири дигар низ дорад. Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки борони сели пур аз гил ва ифлосӣ нишонаи ба хиёнат гирифтор гаштани шахси хобдида мебошад.

Мард чунин хоб бинад, ҳамсараш ба ӯ хиёнат мекунад, вале шахси хобдида зан бошад, шавҳараш маъшуқа меёбад ва ё зани дигар гирифта, занро ба азоби ҷонкоҳи рашк гирифтор ва ба рехтани оби дида водор месозад.

Борон қатра-қатра борад, дар ҳаёти шахси хобдида ягон воқеаи нохуши хурдакак рӯй медиҳад, масалан ягон чизашро гум мекунад, бо касе гапаш гурехта, каме асабонӣ мешавад, аммо зараре ба аҳли хонавода, пулу мол ва ҷисму ҷонаш намерасад.

Боридани борони сел ба рӯйи баҳр ё дарё нишонаи ҷудоӣ аз мард ё зани дӯстдошта аст. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, аз рӯйи ҳиллаву найранги фош гашта ё ягон сабаби дигар аз ёраш ҷудо мешавад.

Хоб бинед, ки борони сел борида истодааст, вале ягон ҷойро вайрон намекунад, дар ҷойи коратон ягон нобарорӣ рӯй медиҳад, вале ба шумо аз он зарари сахт намерасад. Дар хобатон ҳаво софу беғубор бошаду якбора борони сел ба боридан сар кунад, ин хоб метавонад як навъ огоҳӣ дар бораи аз даст додани боигарӣ бошад. Шояд ба чанги дузду ғоратгарон меафтед, коре, ки шумо бояд аз он даромади хуб мегирифтед, якбора вайрон мешавад ё мушкилоти дигаре сар зада, шумо пулу моли худро аз даст медиҳед ё ҳодисае рӯй медиҳад, ки монеъи амалӣ гаштани ягон нақшаи бузургатон хоҳад гашт. Ин хоб метавонад нишонаи аз даст додани ягон чизи гаронбаҳо аз қабили ороишоти тиллоӣ низ бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД