goodwell
Шаби хиёнат (ҚИСМИ 8)
406

Пас аз гузашти ҳашт моҳ аз он шаби наҳс деҳа боз шоҳиди як рӯзи аҷиб гашт. Фахриддин дар саҳни ҳавлӣ бо писаронаш машғули бозӣ буд, ки ногаҳон сояи зане дар назди дарвоза пайдо шуд ва ин ҳамон зане буд, ки чанде пеш бо орзуҳои пуч хонаро тарк карда буд, вале ҳоло бо чашмони пуроб ва сару рӯи парешон ба девори дарвоза такя мезад.

Фахриддин ба сӯи ӯ рафт ва собиқ ҳамсараш гуфт:

- Фахриддин, маро бубахш, зеро он мард маро фиреб дода, ба кӯча партофт ва ман акнун фаҳмидам, ки касе ба ҷуз ту ва кӯдаконам маро дӯст намедорад.

​Фахриддин бо нигоҳи сангин ба ӯ нигарист ва ҷавоб дод, ки “дар ин муддат ман ҳам бисёр чизҳоро фаҳмидам ва фаҳмидам, ки хиёнатро бахшидан мумкин нест ва ту на танҳо маро, балки ояндаи ин тифлонро ба як ҳаваси беҳуда фурӯхтӣ, духтаронамро ҳам ба наздикӣ аз туйи касофат мегирам”.

Зан гирякунон гуфт, ки “ақаллан иҷозат деҳ бачаҳоро ба оғӯш гирам”. Вале дар ҳамин лаҳза Малика бо ҳамон рӯймоли сафедаш аз хона баромад ва кӯдакон давида ба домони Малика часпиданд ва ӯро модар гуфта садо карданд ва ин манзара барои зани хиёнаткор аз марг ҳам сахттар буд.

​Фахриддин рӯяшро гардонида, гуфт:

- Бирав, зеро ин хона акнун соҳиб ва кӯдаконам модари дигар доранд, ки қадри вафоро медонад.

Зан бо нолаву фарёд аз дарвоза дур шуд ва Фахриддин дарвозаро оҳиста баст, ки ин садои пӯшида шудани дари гузаштаи сиёҳаш буд ва ӯ ба назди Малика баргашт.

​Малика дасти ӯро гирифта, гуфт:

- Фахриддин, гузаштаро ба гузаштаҳо гузор, зеро имрӯз мо зиндаем ва ишқи мо аз ҳама хиёнатҳо болотар аст. Аммо кӯдаконро бимон, ки бо очаашон гап зананд.

Шаб фаро расиду деҳа дар хоби ором рафт ва дар хонаи Фахриддин ба ҷои чароғи хиёнат нури вафо медурахшид ва ӯ дар миёни ситораҳо симои нуронии модарашро дид, ки бори аввал бо табассуми гарм ба писари ягонааш нигоҳ мекард ва ӯ фаҳмид, ки хиёнат шояд як шаб умр дошта бошад, вале вафо ҷовидонист ва барои ёфтани гавҳари ҳақиқӣ гоҳо лозим меояд, ки аз миёни лойқаи тақдир гузар кунӣ, то қадри покиро бишносӣ.

​Зиндагӣ исбот кард, ки хиёнат шояд хонаеро вайрон кунад, аммо наметавонад иродаи марди покро бишканад.

Фахриддин дар симои Малика ҳамон вафоеро ёфт, ки солҳо дар ҷустуҷӯяш буд ва он шаби наҳс, ки бо гиряву фарёд оғоз шуда буд, бо як сабақи бузург ва оғози бахти воқеӣ ба поён расид.

Имрӯз мо соҳиби писаронем ва дар умқи қалб аз он метарсем, ки мабодо насиби ҷигарбандони мо келини бад наафтад ва дуо мекунем, ки Худованд ҳамаи моро аз чунин занони беномусу беҳаё дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ҳамчунин духтарони моро аз домодҳои нопок ва беномус ҳифз намояд, зеро дарди хиёнат на марз мешиносаду на ҷинс ва он метавонад кохи бахти ҳар инсонеро ба хокистар табдил диҳад.

Афсӯс, ки дар ин гулшани зиндагӣ борҳо дидаем, ки чӣ тавр гули лола ба хоки сиёҳ меафтад ва чӣ тавр марди пок насиби зани нопок мегардад ва ин бузургтарин фоҷиаи қисмат аст, ки гавҳари ноёбро касоне соҳиб мешаванд, ки қадри онро намедонанд ва бо нохуни ҷаҳлу нафс чеҳраи вафоро мехарошанд.

Бигзор ин қиссаи талхи Фахриддин оинае бошад барои ҳар ҷавоне, ки дар ҷустуҷӯи бахт аст, то бидонад, ки зебоии воқеӣ на дар сурат, балки дар сират ва исмати инсон нуҳуфтааст ва мо аз даргоҳи Офаридгор илтиҷо мекунем, ки хонадони ҳеҷ як тоҷикро бо заҳри хиёнат олуда насозад ва вафоро мисли рӯймоли сафеди Малика дар қалбҳои мо ҷовидонӣ гардонад. Чунки танҳо бо покиву садоқат метавон зиндагиро аз вартаи ҳалокат наҷот дод ва ба насли оянда роҳи нурро нишон дод.

Дар ин дунёи пурошӯб, ки арзишҳо ба бозичаи нафс табдил ёфтаанд, мо бо сад ларза дар дил ба камоли писаронамон менигарем ва аз Худо илтиҷо мекунем, ки сарнавишти онҳоро бо зани беаслу беномус пайванд насозад, зеро келини бад на танҳо хона, балки решаи як авлодро ба боди фано медиҳад ва домоди беномус бошад, ғурури падару номуси духтарро зери по карда, кохи умедро вайрон месозад.

Зиндагӣ худаш бузургтарин нависанда аст ва ман танҳо кӯшиш кардам, ки он дард ва умеди Фахриддинро рӯи коғаз биёрам.

Боқӣ, хуш бошед!

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД