shoh palace
Шабнами Сурайё: Ҳанӯз ҳарфи дили ман нотамоме…
2096

…«Шабнами Сурайё ба садамаи нақлиётӣ дучор гаштааст. Ин садамаи ногаҳонӣ нест. Шабнам дигар ба саҳна намебарояд. Ҳолати Шабнам ниҳоят вазнин аст…». Баробари шунидани ин овозаҳо панҷаи буғзе гулӯямро фишурд. Акси Шабнамро аз ҷузвдон берун овардам…

Бахшида ба 20-солагии ҳафтаномаи «Оила» саҳифаи «Аз бойгонӣ» эҳё карда шуд. Ин навбат суҳбате бо Шабнами Сурайё рӯйи чоп омад. Ҳафтаномаи «Оила»-ро ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Падар аз ҷабри духтар дар кӯча хоб аст

…Модараш зораву тавалло кард, вале духтарам писанд накарда, модарашро як сӯ ҳаво доду ба таксӣ нишаста рафт. Баъди ин, чанд шаби худро ҳамроҳи занам дар даромадгоҳи хонаамон саҳар кардем, аммо аз духтарам дарак нашуд…

Шакли пурраи қиссаи мазкурро аз шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила» мутолиа намоед!

Таҳмина Раҷабова дар карантин қарор дорад

Ҳунарпешаи шинохтаи синамои тоҷик Таҳмина Раҷабова бинобар хуруҷ ва дар ҷаҳон паҳн шудани вируси навъи COVID-19 аз Маскав ба Ватан интиқол дода шуд ва ҳоло дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм»-и ноҳияи Варзоб дар карантин қарор дорад…

Таҳмина дар карантин чӣ ҳолу ҳавое дорад? Донистан мехоҳед, пас шумораи нави ҳафтаномаи «Оила»-ро аз тамоми дӯконҳои шаҳр пурсон шавед!

Ошиқонро дар моҳи апрел чӣ интизор аст?

…Як қадами ноҷо дар муносибатҳои ошиқона сабаб мегардаду мурғи бахтро аз даст медиҳед. Аз ин рӯ, нафароне, ки қариб муҳаббати ёрро ба даст овардаанд, хеле эҳтиёткор буданашон лозим аст. Моҳи апрел имкон медиҳад, ки ба дӯстдоштаи худ тамоми ҷиҳатҳои мусбии хислати худро нишон диҳед. Нафарони оиладор дучори нофаҳмӣ мегарданд. Рафту ҳамсафари ҳаётӣ ба муҳаббати шумо бо муҳаббат посух нагӯяд, беҳуда худро азият надиҳед…

Ошиқеду намедонед, ки дар муносибатҳои ошиқона ин моҳ шуморо чӣ интизор аст? Зодаи кадом бурҷ ҳастед? Толеъномаи ошиқонаи худро аз шумораи ҷадиди ҳафтаномаи «Оила» ҷӯё шавед!

Арӯси сӯхта

Файзинисо азобҳои зиёде кашид, вале рӯзаш буд нашуда будааст, ки зинда монд. Ба зинда мондан зинда монд, вале акнун духтараки соҳибҷамол булаҷаб менамуд. Рӯяш кашидаву сиёҳ, як бари рӯяш пурра пачақ ва абрувонаш рехта буданд. Бар замми ин, ангуштони як дасташ ба ҳам часпида буданд…

Саргузашти талхи Файзинисои соҳибҷамолро донистан мехоҳед? Шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила»-ро варақгардон кунед!

Духтар мезоед ё писар?

Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:

238-52-52

«Маро танҳо нагузор»

Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.

Оила ва Ислом

Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.

СМС-ҳои ошиқона

Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД