Шакарханде аз Oila.tj
18.01.2026
Oila.tj
185

Васият

Мӯйсафеде баъди садама дар дами марг ба завҷааш васият мекунад:

- Занакҷон, зиёд ғам махӯр, боз ба шавҳар мебароӣ, ҳамааш хуб мешавад...

Пиразан мегӯяд:

- Эҳ мардак, мани кампирро дигар кӣ мегирад? Агар ҳамин садамаи фалокат ақаллан 20 сол қабл рух медод, шонс доштам.

Санг

Марде ҳамроҳи писараш ба сари қабри хушдоманаш мераванд. Писарак мепурсад:

- Дада, барои чӣ дар қабри бибиям ин қадар санги калон гузошта шудааст?

Падар дар ҷавоб:

- Барои он ки ба берун баромада натавонад, бачем.

Ҷабрдида

Дар толори суд аз ҷабрдида мепурсанд:

- Ҷабрдида, шумо ҳамин нафарро, ки мошинатонро дуздидааст, шинохтед?

Ҷабрдида дар ҷавоб:

- Рафиқ судя, баъд аз суханронии адвокати ин кас ман бо дилпурӣ гуфта наметавонам, ки мошин доштам ё не.

Забони дигар

Писарчаи 5-сола ба гапзаниҳои додарчаи 2-солааш диққат дода, мегӯяд:

- Оча, ҳамин додарам дар беморхона иваз нашуда бошад?

Модар мепурсад:

- Барои чӣ?

Писарча дар ҷавоб:

- Ба фикрам тоҷик нест, ба кадом як забони дигар гап мезанад.

Имконият

Мардеро ҳангоми аз бонк дуздӣ карданаш дастгир карда, мепурсанд:

- Чаро даст ба дуздӣ задӣ?

Мард мегӯяд:

- Аз назди бонк мегузаштам, ки назарам ба навиштаҷоти “Имкониятро аз даст надеҳ” афтод.

Конфет

Марде ба мағоза даромада, ба фурӯшанда мегӯяд:

- Духтарак, ба ман як қуттӣ конфети нағз диҳед, вале қимат набошад.

Фурӯшанда мепурсад:

- Шумо барои дӯстдоштаатон мехаред?

Мард мегӯяд:

- Не, барои духтур.

Фурӯшанда ин дафъа мегӯяд:

- Барои миннатдорӣ ё барои ниқор?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД