Arzon march 2024
Шахси доғи судӣ дошта дар куҷо кор карда метавонаду дар куҷо не?
1068

 

Тавре ки мушоҳида мекунем, одамони судшударо дар ягон ҷо ба кор намегиранд. Мехоҳам донам, ки нафари доғи судӣ дошта дар куҷоҳо ҳуқуқи кор карданро дорад?

Шахси доғи судӣ дошта дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок карда ва ҳамчун корманди қаторӣ кор крада метавонад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба вазифаи роҳбарикунанда ва масъулиятнок интихоб ва таъин карда намешавад, чунки ин хилофи талаботи қонунгузории соҳаи меҳнат мебошад.

Агар бо тартиби сафедкунӣ, тибқи моддаҳои 84 ва 85-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доғи судиаш бардошта шавад ва санади судӣ ба қуваи қонунӣ даромада аз ИТС-и Вазорати корҳои дохилӣ бардошта шавад, ҳуқуқи қариб дар ҳама соҳаҳо кор карданро пайдо мекунад, ба истиснои фаъолият дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД