goodwell
Шакира дар Қирғизистон консерт баргузор мекунад
07.10.2026
Oila.tj
72

Овозхони маъруфи колумбиягӣ Шакира дар доираи сафари ҷаҳонии Las Mujeres Ya No Lloran World Tour дар шаҳри Бишкек консерт баргузор мекунад.

Консерт 18-уми октябр дар варзишгоҳи Bishkek Arena баргузор хоҳад шуд. Ин аввалин сафари Шакира ба Осиёи Марказӣ дар доираи тури кунунии ҷаҳонии ӯ мебошад.

Тибқи маълумоти нашршуда, фурӯши чиптаҳо аз 1-уми октябр оғоз шудааст. Нархи чиптаҳо вобаста ба ҷойгиршавӣ аз 137 доллар (1262 сомонӣ) то 458 доллар (4222 сомонӣ) муқаррар шудааст.

Чиптаҳои арзонтарин ҷойҳоеро дар бар мегиранд, ки имкони тамошои маҳдуд доранд. Барои ворид шудан ба Fan Zone, ки мухлисонро ба саҳна наздиктар мекунад, бояд 458 доллар пардохт кард.

Ҳамин тариқ, сафари Шакира ба Бишкек метавонад ба яке аз рӯйдодҳои бузурги мусиқии имсола дар минтақа табдил ёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД