Шамсиддин Қосимов сармураббии “Ҳосилот” шуд
30.12.2025
Oila.tj
99

Яке аз чеҳраҳои шинохтаи футболи тоҷик, мутахассиси ҷавон ва кордони соҳаи футбол Шамсиддин Қосимов ба таври расмӣ сармураббии бошгоҳи футболи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор таъйин гардид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Шамсиддин Қосимов дар гузашта ҳамчун бозигар дар ҳайати тими мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон (U-21) ҳунарнамоӣ намуда, таҷрибаи байналмилалӣ андӯхтааст. Дар солҳои охир ӯ фаъолияти мураббигии худро идома дода, ба ҳайси сармураббии тими КМВА кору фаъолият мекард ва мавсими гузашта ба гирифтани медалҳои биринҷии Лигаи олӣ ноил шуд.

“Роҳбарияти бошгоҳ умед дорад, ки бо роҳбарии сармураббии нав дастаи «Ҳосилот» дар мавсими оянда бозии босифат нишон дода, ба ҳадафҳои гузошташуда ноил мегардад. Ба Шамсиддин Қосимов дар фаъолияти навбатияш комёбиҳо орзу мекунем”,- омадааст дар изҳороти дастаи “Ҳосилот” дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ҳамчунин, мутахассиси тоҷик Зайниддин Раҳимов бо анҷом ёфтани муҳлати шартномааш курсии сармураббигии дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархорро тарк кард. Зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов дастаи “Ҳосилот” дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ бо касби 22 хол дар зинаи 9-уми ҷадвали мусобиқот қарор гирифт.

“Роҳбарияти бошгоҳ ба мутахассис барои саҳмаш дар даста ва фаъолияти касбиаш изҳори сипос намуда, ба ӯ дар идомаи фаъолияти мураббигӣ барору комёбиҳо орзу мекунад”,- омадааст дар изҳороти дастаи “Ҳосилот”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД