Formula september
Шаҳноза Ҳамдамова: Маҳсулоти хушсифатро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоед!
1933

 

Дар доираи Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” рӯзҳои 2, 3 ва 4-уми ноябр дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ бо нархҳои яклухт ва нисбат ба бозорҳо арзонтар баргузор хоҳад гашт.

Ин лоиҳаи муваффақ ба як чорабинии муҳим дар ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёфтааст. Ҳадаф аз баргузории ин лоиҳа дар чист? Имсол кадом ширкатҳо дар лоиҳа ширкат меварзанд? Харидоронро дар намоишгоҳи ярмаркаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023 “ чӣ “сюрпирз” интизор аст? Барои ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан, мо бо директори ширкати “Тайрон” Шаҳнозабону Ҳамдамова ҳамсуҳбат гаштем.

- Шаҳноза Шарифовна, муддати 10 сол мешавад, ки шумо ҳамасола лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”-ро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор менамоед. Дар замони муосир, ки ҷомеа ҳамеша дар ҳоли рушд ва такопӯй қарор дорад, 10 сол умр дидани як лоиҳа муваффақияти хеле бузург аст. Ба шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки шӯҳрати лоиҳаро то ба имрӯз нигаҳ доред?

-Ташаккур! Қабл аз ҳама ман 10-солагии лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”-ро ба шарикон, иштирокчиён, истеъмолкунандагон ва ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборакбод мегӯям! Соли 10-ум аст, ки мо бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ин лоиҳаро баргузор менамоем. Дар ин муддат тавонистем зиёда аз 500 ширкати ватаниро ба мардум муаррифӣ намуда, молу маҳсулоти истеҳсоли худиро тарғиб намоем ва соҳибкорони тоҷикро дастгирӣ карда, бо ҳамин восита саҳми худро дар пешрафти иқтисодиёти кишварамон гузорем. Аксари ширкатҳое, ки қадамҳои нахустини худро бо лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” гузошта буданд, имрӯз ба ширкатҳои хеле бузург ва маъруф, ба қавле “гигант” табдил ёфта, натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз марзҳои Тоҷикистон низ машҳур гаштаанд, ки ин албатта боиси ифтихори мост.

-Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани ин лоиҳа дар чист?

-Ҳадафи мо пеш аз ҳама дастгирии сиёсати иқтисодии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғиби молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон мебошад. Соҳибкорони ватаниро дастгирӣ намуда, мо дар бозори истеҳсолии мамлакат рақобати солимро ба вуҷуд меорем, зеро рақобат ҳамеша барои пешрафт такон медиҳад.

-Дар лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” кадом ширкатҳо имсол иштирок доранд?

-Имсол зиёда аз 30 корхона ва ширкатҳои машҳури кишварамон дар лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ширкат варзида, маҳсулот ва хизматрасониҳои гуногуни хешро ба муштариён пешкаш месозанд. Дар байни иштирокчиёни лоиҳа тамғаҳои бисёр машҳур ва маҳбуб аз қабили “Сиёма”, “Артел”, “СоСа-Соlа, “Покиза”, “Файзи Расул”, “Доро” “Шири Душанбе”, “Молочная радость”, “Қолин-Сервис”, “Беҳамто”, “Баракат”, “София”, “Слабода”, ”АЗС Гапзпромнефть”, “GMP”, “АКФА”, Рамис”, “Химус”, “Тавҳидбонк “Душанбе-Сити+банк” ва дигар ширкату корхонаҳои маъруфи Тоҷикистон ҳастанд, ки молу маҳсулоти худро дар ярмарка бо нархҳои яклухт (оптовая цена) ба харидорон пешкаш менамояд.

-Аз ярмарка кадом навъҳои маҳсулотро дастрас кардан мумкин аст?

-Аз ярмаркаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” харидорон орд, равған, биринҷ, макарон, маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла, гӯшти мурғ, навъҳои гуногуни ҳасиб ва ҳасибчаҳои хушмазза, маҳсулоти ширӣ аз қабили шир, ҷурғот, сметана, қаймоқ, қанду шоколад, пистаю бодом, мағзу мавиз, донагӣ, торту шириниҳои лазиз, соку шарбатҳои табиӣ, обҳои газнок, собуну шампунҳои хушбӯй, маводҳои шустушӯйӣ ва ҳатто доруворӣ харидорӣ карда метавонанд?

-Соли гузашта техникаи маишӣ низ доштед. Имсол чӣ?

- Албатта дорем! Имсол дар намоишгоҳ ширкатҳои маъруфи истеҳсолӣ аз ҷумла “Artel” ва “Karcher” иштирок карда, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, чангкашак, кондинсионер, гармкунакҳои барқӣ, гӯштқимакунаку тафдон ва дигар намудҳои техникаи маиширо бо нархҳои дастрас ба муштариён пешкаш мекунанд. Ниёзмандон дар бадали ин 3 рӯз метавонанд ҳатто барои хизматрасониҳои бонкӣ ба намояндагони “Тавҳидбонк” ва “Душанбе- сити”, ки иштирокчиёни лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” мебошанд, муроҷиат намоянд.  

-Ба шахсоне, ки ба ярмарка меоянд, чӣ гуфтаниед?

-Ман пеш аз ҳама ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ба сарпарасти кулли лоиҳа-Ширкати Артел, ба сарпарастони расмӣ-Тавҳидбонк ва ширкати Акфа, ба шарикони лоиҳа-Шабакаи НФС-и Газпромнефть ва мағозаи Таймс, ба шарикони иттилоотӣ- Телевизиони Сафина, Радиои Ватан, Ҳамсадо, Авторадио, Имрӯз ба сомонаҳои oila.tj ва pressa.tj ва тамоми иштирокчиёни лоиҳа сидқан изҳори сипос менамоям. Ва бори дигар ба диққати сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонам, ки рӯзҳои 2, 3 ва 4-ноябр дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2023” дар Кохи Борбад намоиш-фурӯши маҳсулоти хушсифати ватанӣ баргузор мегарданд. Биёед ва молу маҳсулоти ниёзи худро аз ин намоишгоҳ бо нархҳои яклухт ва нисбат ба бозор арзон харидорӣ намуда, зимистонро ба роҳат гузаронед!

- Барои сӯҳбати самимӣ як ҷаҳон ташаккур!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД