goodwell
Шаҳристон: Интиқоми ошиқона бо паҳн кардани наворҳои хусусӣ
27.10.2026
Оила
103

Шаҳристон: Интиқоми ошиқона бо паҳн кардани наворҳои хусусӣ

Дар ноҳияи Шаҳристон як ҷавони 22-сола бо гумони паҳн кардани аксҳо ва наворҳои хусусии дорои хусусияти порнографӣ дастгир шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, гумонбар Ғоибназаров Сироҷиддин Абдумуминович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Шаҳристон мебошад.

Гуфта мешавад, ки ӯ аз соли 2025 то моҳи августи соли 2026 бо ҷавонзани ҳамсоли худ муносибатҳои ошиқона доштааст. Пас аз издивоҷи ҷавонзан ва қатъ шудани муносибатҳои онҳо, гумонбар аксҳо ва наворҳои якҷоя гирифташудаи дорои хусусияти порнографиро паҳн кардааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати ӯ бо моддаи 241, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД