Arzon march 2024
Шаҳроми Абӯбакр ба хотири бизнес тарки саҳна кард?
14.05.2022
ОИЛА
991


Ман мухлиси ашаддии Шаҳроми Абӯбакр ҳастам. Садояш писанд аст, оҳангаш дил нишин аст ва аз ҳама бештар симои ҷаззобу оташангезаш, ки бо як дидан касро ошиқ мегардонад, маро мафтун гардонидааст. Суруди "Фариштаҷонум" дар иҷрои ин ҳунарманд малҳами дили ман аст, зеро ман ҳам Фаришта ном дорам. Ҳамеша ба худам мегӯям, ки кош Шаҳром ин сурудро барои ман месароид.
Шунидам, ки дар қатори дигар сарояндаҳо, аз ҷумла Беҳрӯз Мирзоев ва Остон Азизов сарояндаи дӯстдоштаи ман низ тарки саҳна намудааст. Хоҳишмандам ҳақиқати ин овозаро аз забони худи Шаҳром ба мо равшан намоед.
Фаришта, аз н. Дӯстӣ.

Посух
Шаҳром пас аз як занги кӯтоҳи мо телефонашро бардошт. Вақте дар мавриди номаи хонандаамон бо ӯ ҳарф задем, чунин посух гуфт:
-Мантаркисаҳнанакардаам. Гоҳ-гоҳҳамбошад,сурудсабтмекунам, валеакнун кӯшиш мекунам сурудҳоиисломӣ ва ғазалувасфимодаруВатаннамоям. Соли 2019 ба зиёрати хонаи Худо рафта будам, лекин ин маънои пурра аз саҳна даст кашидани маро надорад.
Ҳамзамон Шаҳром қайд намуд, ки бо тиҷорат машғул аст ва аз сабаби серкор буданаш чанд муддат аст, суруду оҳангҳои нав таҳия накардааст. Сароянда ваъда дод, ки рӯзҳои наздик бо сурудҳои наву клипҳои ҷаззоб хотири мухлисонашро шод хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД