sebiston july new
Шавҳарам аз очаю апаҳояш метарсад
1098

 

Салом! Ман, як ҷавозани дар чорсӯи зиндагӣ зору ҳайронмонда, мехоҳам саргузаштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Фотима ном дорам. Дар синни 18-солагӣ падару модарам маро ба як ҷавони ношинос ба шавҳар доданд. Якдигарро надида хонадор шуда бошем ҳам, ман шавҳарамро аз таги чодар дӯст доштам, чунки то ӯ бо ягон ҷавони дигар робита надоштам ва чӣ будани меҳру муҳаббати мардро намедонистам. Хурсанд будам, ки худованд маро бо чунин ҷавони зебо, боодоб ва босавод ҳамтақдир гардонидааст, вале...

Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ситораи ман ба модар ва хоҳарони шавҳарам писанд наомад. Маро худашон хуш карда, келин карда бошанд ҳам, мудом паст зада, меранҷонданд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми таънаву маломати хушдоманам хоҳару апаҳои шавҳарам низ маро азоб медоданд.

Умуман, аҳли оилаи хусурам маро одам ҳисоб намекарданд ва ҳамеша “гадодухтар, пойлуч, арӯси бе кафан” гӯён, ба дилам ханҷар мезаданд, вале ба хотири ишқу муҳаббате, ки нисбат ба шавҳарам доштам, лаб зери дандон гирифта, ба ҳамааш тоқат мекардам.

Ҳамин тавр соҳиби чор фарзанд шудем, вале то ба имрӯз апаву хоҳарони шавҳарам маро фақат азоб медиҳанд, хушдоманам бошад, рӯзе сад бор такрор ба такрор мегӯяд, ки ба гул барин писари босавод ва пулёбаш ман барин духтари камбағал ва кафангадоро келин карда, ҳаёташро сӯхтааст.

Тасаввур кунед, ки одам ҳар рӯз аз модаршӯяш чунин гапҳои талх ва таҳқиромезро такрор ба такрор шунидан гирад, ҳолати рӯҳиаш чи хел мешавад.

Аз ҳама аламовараш он аст, ки дар тӯли 15 соли зиндагӣ шавҳарам ҳатто як бор ҳам маро пуштибонӣ накардааст. Вай аз модару апаҳояш метарсад ва ақаллан барои тасаллои дилам намегӯяд, ки ман аз ин зан 4 фарзанд дорам, ба зиндагии мо кордор нашавед.

Шавҳарамро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, вале бепарвоӣ ва бетарафии ӯ ишқамро ба нафрат табдил дода истодааст. Дилам аз шавҳарам хунук шудааст, вақтҳои охир дигар дилам намекашад, ки бо ӯ сар дар як болин гузорам. Ба хотири падари фарзандонам буданаш ӯро ҳурмату эҳтиром мекунам, вале дар дилам дигар нисбаташ ягон зарра меҳру муҳаббат нест.

Баъзан фикр мекунам, ки кӯдаконамро гирифта баромада равам, бигзор хушдоманам келини бою бадавлат карда, ба муроду мақсадаш расад, вале андешаи тақдири ояндаи фарзандонам маро аз роҳ мегардонад.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД