Formula september
Шавҳарам дар Русия зан гирифту...
18.06.2022
ОИЛА
1628


Чанд сол қабл ба шавҳар баромада, соҳиби як духтарча ҳастам. Айни замон шавҳарам дар муҳоҷират қарор дорад.

Чанде қабл хабар ёфтам, ки шавҳарам дар мулки рус як зани тоҷикро никоҳ карда,ҳамроҳ дар хонаи иҷора зиндагӣ доранд.Вақте дар ин бора ба хусуру хушдоманам гуфтам, ба шавҳарам занг зада гуфтанд, ки занатро ба наздат равон мекунем ё таъҷилан чипта харида биё.Шавҳарам пинҳонӣ аз падараш тавассути телефон ба ман гуфт, ки "зана, агар ба наздам биёӣ, пушаймон мешавӣ.Беҳтараш тоқат карда, шин!" Дар ҷавоб ба ӯ гуфтам, ки 4 сол шуд, бас аст сабру тоқат. Акнун духтарамонро гирифта, ба наздатон меравам”.

Шавҳарам аз падараш сахт метарсад, барои ҳамин маро дар танҳоӣ дашному ҳақорати зиёд мекунад. Боре рашкам боло гирифту кофта-кофта ба хонаи модари зани гирифтааш рафтам. Ин зан акси шавҳари маро дида гуфт, ки “домодам аст, шавҳарат аз вақти мактабхониаш ошиқи духтари ман буд.Вақте ки шавҳари духтарам мурд, ӯ духтарамро ба наздаш фарёд карда, дар ҳамон ҷо никоҳ карду ҳамроҳ зиндагӣ доранд”. Дарҳол ба шавҳарам занг зада, таҳдид кардам, ки тамоми корҳои кардаашро ба волидонаш нақл мекунам.

Ӯ асабӣ шуда, телефонашро хомӯш карду дигар бо ман гап намезанад. Сахт ошуфтаам. Чӣ кор кунам?
З.У.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД