arzon replenishment
Шавҳарам маъшуқа дорад?
20.03.2022
ОИЛА
2336


Оиша ном дорам, 7 сол қабл ба шавҳар баромада будам. Соҳиби 2 фарзанди дӯстрӯ ҳастам.

Дар ин муддат зиндагиямон бо шавҳарам бад набуд, рафту ягон нофаҳмӣ миёнамон сар мезад, шавҳарам дарҳол бахшиш пурсида, диламро боз ба даст меовард. Шояд ба хушбахтии оилавии мо чашми бад расид, ки чанд моҳи охир бо сабабҳои номаълум муносибати шавҳарам яку якбора бо ман сард шуд.

Вақте аз ӯ сабаби тағйир ёфтанашро пурсон мешавам, мушкилиҳои касбу кор ва асабониятро баҳона пеш оварда, аз савол мегурезад. Аз бемеҳриву сардияш дилтанг шуда, ягон норозигӣ баён кунам, дарҳол ба сарам мушт бардошта, мегӯяд ки туро маҷбур накарадаам, агар чунин зиндагӣ нахоҳӣ, баромада рав. Чӣ кор карданамро намедонам.

Дилам барои фарзандонам месӯзад. Чанд маротиба ба хонаи волидонам рафтам, вале фарзандонам ба хонаи худамон меравем гуфта, хонаро ба сарашон бардоштанд. Рафтори шавҳарам маро ҷигархун сохта, баъзан фикр мекунам, ки шояд дар зиндагияш ягон зани дигар пайдо шуда бошад.

Бонувони рӯзгордида, дугонаҳои азиз, хоҳишмандам маслиҳати худро аз ман дареғ надоред. Бо шавҳарам чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД