sebiston july new
Шавҳарам мезанад, истам ё баромада равам?
785


Ба марди муштзӯр хушомад назанед, занҳо!
Бо вуҷуди пешрафти демократия ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ҳанӯз ҳам хушунат дар ҳайёти оилавӣ занҳои моро гулӯгир месозад.

Шавҳарам маро эҳтиром намекунад, зиндагиамонро пеш намебарад, бар замми ин, бисёр бадхашм аст, агар як гап гӯям, маро зери мушту лагад мегирад...

Ин суханонро тез –тез аз забони занон шунидан мумкин аст. Сари ҳар қадам зане ба дугонааш дарди дил карда, аз чунин хушунатҳои оилавӣ мегӯяд. Ин хел шавҳар ба ту чи лозим, баромада рав, гӯйӣ, дар ҷавоб зани хушунатдида оҳи сарде кашида “ Мани сарсахт бо 3-4 кӯдак дар дари хонаи кӣ меғунҷам?!” мегӯяд....
Бале, дуруст, бо се-чаҳор кӯдак дар куҷо меғунҷӣ, аммо...

Бесаводӣ гунаҳкор

Занҳое, ки баъди хатми мактаб ба шавҳар баромадаанд ва на фурсати таҳсил кардан дар донишгоҳро доштанду на ягон касбу ҳунар доранд, чӣ тавр метавонанд бе кӯмаки мард зиндагии худу фарзандонашонро пеш баранд? Дар бисёр маврид чунин духтарон аз шавҳар ҳеҷ хайре набинанд ҳам, аз ночорӣ ба тақдир тан дода, ба ҳама ҷабр ҷафои ҳамсарашон тоқат мекунанд, то бо кӯдаконашон дар кӯча намонанд. Албатта зиндагӣ барои мардон низ осон нест ва барои як тангаро ба тангаи дигар зам кардан, хуни ҷигар об мекунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки алами Исоро аз Мӯсо бояд гирифт.

Сабр ҳам андоза дорад!

Мардон одатан қаҳру ғазаби худро ба сари ҳамсарашон мерезанд. Албатта, ин ҳолати равонии мардро бояд ҳамсари хуб дарк кунад ва каме таҳаммул дошта бошад. Аммо ин таҳамулпазирии зан набояд ба он дараҷае бошад, ки мард аз меъёр гузашта, ба сараш даст бардорад.

Пудинаро зери дандон нагузоред, агар...

Ҳаҷвнигори машҳури тоҷик, шодравон Аловиддин Абдуллоев дар як саҳнааш мегӯяд, ки агар барги пӯдинаро зери дандон гузорию ба суханҳои қаҳролуди шавҳарат ҷавоб надиҳӣ, каме пас қаҳраш паст шуда, аз гуфтаҳояш пушаймон мешавад, вале саволе ба миён меояд, ки вақте шавҳар пайваста занро паст зада, модар, хоҳар ва тамоми аҳли авлодашро бо алфози бад дашному ҳақорат медиҳад, чи бояд кард?
Равоншиносон маслиҳат медиҳанд, ки аз ҳама роҳи осон бо суҳбат кардан ҳал намудани мушкилист, вале дар сурати ҳал нашудани масъала ҷудоӣ аз марди золим аз чунин хушбахтии бо мушту лагад омехта сад бор беҳтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД