formula55
ШАВҲАРИ ТАНБАЛАМ ДАРДИ САРАМ ШУДААСТ
31.12.2020
ОИЛА
4668

Ман ҷои кори бисёр хубу шавқовар дорам. Даромадам аз шавҳарам чанд маротиба зиёдтар аст. Вай бо вуҷуди донистани ду забон бо тарҷумонии тасодуфӣ ки гоҳ-гоҳ муяссараш мешавад, як навь умр ба сар мебарад. Музди меҳнати вай ба нафақае, ки барои бекорон мадиҳанд, баробар аст ва танҳо барои пардохти хизмати коммуналӣ мерасаду халос.

Либос, пойафзол- ҳамаашро онаи ман мехарем. Ман дар фирмаи боэътибор кор мекунам, бояд пӯшаму худамро ба ифоқа биёрам. Аммо ҳамин ки барои худам чизи нав хариданӣ шавам, шавҳарам ҳам ягон либоси нави бокарруфар пӯшидан мехоҳад.

НИЛУФАР, ш. Хуҷанд

Шарҳи рӯҳшинос
Даромади иловагӣ кофтан лозим. Фақат шумо не, шавҳаратон. Саволи дигар: бароӣ чӣ шавҳаратон пул кор кардан намехоҳад?Оё ин нишонаи эгоистӣ, инфантилизм (ақибмонии фаъолияти ҷисмонӣ) ё ягон сифати дигари ӯ нест?Албатта, метавонед аз ӯ пинҳонӣ барои худатон сарулибос харед, вайро ба кор таъмин кардан низ мумкин, аммо охир бо ин моҳияти масъала тағир намеёбад. Вай одат кардааст, ки дар сояи давлати шумо зиндагӣ кунад, ташвиши тамоми камукости зиндагиро шумо кашед на вай. Месазад, ки мун'осибатҳоятонро боз як бор ҷиддӣ аз назар гузаронед ва ба якхулоса биёед, ки оё нақши модари ғамхорро аз ин баъд низ иҷро карданатон лозим аст?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД