sebiston july new
Шералӣ Кабир: “Конҳои кашфшудаву зуҳурёфта 800 ададро ташкил медиҳанд"
2134

Дар Конфронси байналмилалии истихроҷи маъдан, ки дар Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гашта буд, намояндаи Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ва дигар ҳайати баландпояи ин кишвар дар расми  ифтитоҳии он ширкат доштанд.

Бандар ибни Иброҳим ал-Хариф, вазири саноат ва сарватҳои зеризаминии Арабистони Саудӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз натиҷаи назарраси конфронс ёдовар шуд.

Зери унвони "Ояндаи маъданҳо", ки барои саҳмгузорӣ ва бароварда намудани ниёзҳои бахши истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, таъсиси платформаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ҷиҳати таҳияи Харитаи роҳ барои оянда мебошад роҳандозӣ шудааст, ки барои дастрасӣ ба рушди устувори ҷомеаҳо ва иқтисодиёти кишварҳо нигаронида шудааст.

 

Қайд гардид, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ дар самти истихроҷи маъдан дар ҷаҳон, таъсири он ба барқарорсозии иқтисод ва таъсири назарраси он ба ояндаи бисёр соҳаҳое, ки дар ҳаёти рӯзмараи мо саҳми назаррас дорад, равона мегардад.

Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти суханронии худ иброз намуд, ки Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дошта, аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд. Ӯ таъкид намуд, ки саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад.

Таъкид карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси шаффофияти саноати истихроҷ (ТШСИ) татбиқ гардидааст, ки он яке аз стандартҳои ба таври васеъ пазируфташудаи байналмилалӣ барои таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои истихроҷ ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД