formula
Шикасти аламовари Дастаи олимпии Тоҷикистон дар “Ҷоми Осиё-2024”
429

 

Бозии аввалини Дастаи миллии олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти “Ҷоми Осиё” бебарор анҷом ёфт. Футболбозони тоҷик аз рақибонашон аз дастаи Арабистони Саудӣ шикаст хӯрданд.

Мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024” дар Давҳа баргузор гашта, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии нахустин бо тими миллии Арабистони Саудӣ ноком гашт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Дастаи миллии олимпии Тоҷикистон дар оғози мусобиқа аз ғолиби феълии “Ҷоми Осиё-2024” тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрдааст.

Дастаи олимпии Тоҷикистон дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024” дар гурӯҳи “С” рӯзи ҷумъа, 19-уми апрел бо тими мунтахаби Ироқ ва санаи 22-юми апрел бо футболбозони Тайланд қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Умед дорем, ки дар мусобиқоти баъдӣ бахт ба футболбозони тоҷик ёр гашта, ин ду бозиро бо ғолибият анҷом медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД