sebiston july new
Шим чанд намуд мешавад?
873

 

Истилоҳи шим аз 3 забон гирифта шудааст:ҳолландӣ,туркӣ ва испанӣ. Либосе,ки ҳаррӯз бонувон ба тан мекунанд ва қисмати тан аз камар то пойҳоро мепӯшонад.

Дар версияи классикӣ, шим дар поёни буғумҳо ё баръакс аз буғуми пой болотар мебошад.Барои мустаҳкам кардани шим ба бадан камарнбанд мебанданд. Аксари шимҳо бо тугма ва занҷирҳо оро дода мешаванд. 

Шимҳо (брюки) дар гардироби ҳамаи занҳо ва духтарҳо дида мешавад. Он  яке аз либосҳои зеботарини занҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳар як фасл  шимҳои ба худ хос дорад.Онҳо аз ҳамдигар бо дизайн,ранг ва матоъ фарқ мекунанд. Тароҳон бештар кушиш мекунанд, ки шимҳое тайёр кунанд, ки пӯшиданаш роҳаттар бошад.                                                                                            

   Кадом намуди шимҳо мавҷуданд?

Классикӣ.  Шимҳои рост ва хатдор ки аз матоъҳои сахт ва рангашон тира дӯхта шудааст мебошад. Ин намуди шимҳоро дар ҷои кор маҷлисҳо, вохӯриҳои корӣ ба бар кардан ба мақсад мувофиқ аст. Варзишӣ. Шимҳое, ки барои варзиш кардан дӯхта шудааст аз матои нисбатан ғафс ва ёзанда мебошад. Миёнбанди он резинӣ аст. Он комилан роҳат ва барои ин ё он ҳаракатро анҷом додан халал намерасонад.

   Интихоби матоъ барои дӯхти шимҳо                                   

Пеш аз ҳама ба инобат гирифтани фасли сол, ранг, зарар ё фоидаи матоъ, барроҳатӣ ва дигар хусусиятҳои матоъро дида шимро интихоб намудан лозим. Барои тобистон матоъҳои тунук, ки ба онҳо шамол мегузарад истифода мешавад. Барои фасли зимистон бошад матоъҳои ғафс, ки гармиро таъмин мекунанд интихоб намудан лозим аст. Инчунин шимҳое ҳастанд,ки барои ҷойҳои махсус дӯхта мешаванд. Барои шабнишинӣ, консет, даъватҳои махсус, вохӯриҳо вобаста ба макону вазъият шимро интихоб намудан лозим аст.

Ҷинс яке аз матоъҳои машҳур ва дӯстдоштанӣ аст. Онро дар шаклҳои гуногун, рангҳо ва сифатҳои гуногун интихоб кардан мумкин аст. Он ҳам роҳат ва ҳам гарм мегирад. Дар тобистон ҳам ҷинситунукро истифода намудан мумкин. Ҳар як намуди шим пойафзоли ба худ хос низ дорад.       

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД