toyota motors
Шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои бемориҳои рӯҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
08.06.2026
Oila.tj
102

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои равонӣ Қунғуротов Хуршед ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Зафаробод, Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо рафти фаъолияти муассисаҳои бемориҳои рӯҳӣ, аз ҷумла рафти хизматрасонӣ ба беморон, вазъи санитарию эпидемиологии муассисаҳои мазкур, ҳолати биноҳҳо ва раванди таъмиру тармими онҳо шинос гаштааст.

Дар рафти боздид гурӯҳи кории вазорат бо ҳуҷраҳои хоби беморон, анборҳо ва захираи маводҳои ғизоӣ, вазъи саломатии беморони рӯҳӣ ва шароиту имкониятҳои мавҷудаи муассисаҳои соҳави шинос гардидааст.

Дар баробари ин, зимни суҳбату вохӯрӣ бо роҳбарият ва кормандони муассисаҳои бемориҳои рӯҳии шаҳру ноҳияҳои мазкур гурӯҳи кории вазорат масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморон, риояи вазъи санитарию эпидемиологӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, баҳри боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонӣ тавсияҳои судманд пешниҳод карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД