formula
Шир додани тифл дар хоб
1915

Салом. Ман зани ҳомиладор ҳастам. Дишаб хоб дидам, ки кӯдак дорам ва фарзандам гурусна шудааст. Мехостам ба кӯдакам шир диҳам, вале апаам пешдастӣ карда, ба тифлаки ман сина додааст. Пас аз чанд лаҳза кӯдак боз гиря кард ва хостам шикамашро сер кунам, аммо ин бор модарам иҷозат надода, худашон кӯдакамро маконданд. Ростӣ сахт дар ташвиш ҳастам, ки мабодо вақти таваллуд кардан бо ман ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Мадина, ш. Роғун

Ташвиш накашед, зеро шир додан ба кӯдак дар хоб фоли нек мебошад. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, агар кас хоб бинад, ки кӯдакеро шири сина дода истодааст, бою бадавлат мешавад.

Эҳтимол кори сердаромад пайдо мекунад, дар зинаҳои мансаб боло меравад ва ё бо тиҷорат машғул шуда, даромади калон ба даст меорад. Таври дигар бигӯем, шахсе, ки чунин хоб мебинад, дар ҳаёташ тағйироти бузурге рӯй дода, тамоми мушкилоти пулиаш якбора ҳал мешаванд.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки сина додани кӯдак дар хоб маънои онро дорад, ки вақти амалӣ намудани нақшаҳои шахси хобдида фаро расидааст ва агар каме фаъол бошад, ба орзуҳои наҷиби худ мерасад.

Шахсе, ки чунин хоб мебинад, ба чи коре, ки даст назанад, кораш барор мегирад. Худованди меҳрубон ба имдодаш расида, кӯмак мекунад то ки хостаҳояшро амал созад ва барои худу аҳли оилааш зиндагии шоиста бунёд намояд.

Хоб бинед, ки зани дигар кӯдаки шуморо шир дода истодааст, агар он зан муҷаррад бошад, бахти худро пайдо карда, ба шавҳар мебарояд, оиладор бошад, соҳиби фарзанд мешавад ё дар ҳаёташ дигаргунии калоне рӯй дода, хушбахт хоҳад гашт.

Дар хобатон худи шумо кӯдаки бегонаеро сина дода бошед, коратон барор гирифта аз сарчашмае, ки интизораш нестед, даромади калони пулӣ ба даст меоред ё ягон орзуи бузургатон амалӣ гашта, хурсанд ва хушбахт мешавед. Зани бемор хоб бинад, ки кӯдакеро шир дода истодааст, бо инояти Худованд шифо хоҳад ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД