sebiston july new
Ширкент-макони пайи динозаврҳо
3026


Соли гузашта аз таъсиси Парки табиӣ – таърихии «Ширкент», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли 1993 дар майдони 3000 гектар ташкил гардидааст, 30 сол пур шуд.

Дар ин муддат меҳмонони зиёди хориҷӣ ба ин минтақа барои тамошо омада, мафтуни табиати нотакрору зебои Тоҷикистон гаштаанд. Хуб мебуд, агар ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ саёҳатро аз тамошои чунин манзараҳои нотакрори Ватан оғоз намояд.

Парки табиӣ — таърихии «Ширкент» бо мақсади нигоҳ доштани олами бойи набототу ҳайвоноте, ки дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст, инчунин ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, хусусан изи сумҳои динозаврҳо ва рушди сайёҳии экологӣ ташкил гардидааст.

Парк дар масофаи 90-100 км дуртар дар самти ғарби шаҳри Душанбе, дар ҳавзаи дарёи Ширкент, ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир шудааст.

Фаунаи Парки табиӣ — таърихии «Ширкент» тақрибан 150 намуди мӯҳрадорон — 30 намуд ширхорон, 100 намуд парандагони лонагузоранда, 41 намуд парандагони муқимӣ, ба мисли кабк, мурғи ҳилол, кабӯтар, ҷиркабк, сиёҳдуға, булбул, зиёда аз 55 намуд парандагони муҳоҷир ва 8 намуд хазандагонро дар бар мегирад. Дар экосистемаи парк бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, хуки ваҳшӣ, қашқалдоқ, суғури сурх, сангсори сангзор, силовсини туркистонӣ, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар намуди ҳайвонҳои ваҳшӣ вомехӯрад. Дар парки мазкур, тибқи ҳисобот 9 сар бабри барфӣ, ки яке аз ҳайвонҳои нодир ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда мебошад, ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳудуди парки мазкур дарахтони каркас, бодом, заранг, дӯлона, хулул, себ ва олучаи кӯҳӣ намудҳои дарахтони паҳнбарг, хусусан чанорҳои азимҷусса дар баландиҳои 1000-2000 метр арчазор дар баландиҳои 2000-3000 метр ва намудҳои гуногуни растаниҳои шифобахш ва ғизоӣ, аз қабили, торон, чойкаҳак, кокутӣ, аденас, ҳайрон, пудина, юғани ғизоӣ, лолаҳои гуногун ва дар маҷмуъ 150 намуд растаниҳо мерӯянд.

Ҷангалзори паҳнбарг дар баландиҳои 1800-2600 метр аз сатҳи баҳр доман густурдааст. Солҳои охир бо истифода аз имконияти мусоид бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ба роҳ монда шуда, дар ин ҷо дарахтони муқимии Осиёи Марказӣ, аз қабили арчаи зарафшонӣ, арчаи нимкурашакл хеле фаровон рӯидаанд. Дигар хусусияти олами набототи парк аз он иборат аст, ки дар қисми зиёди ҷангалзори он дарахтони паҳнбарг дар зичӣ бо дарахтони сабзбарги арча вомехӯрад.

Ёдгориҳои ғайризинда дар Парки
табиӣ- таърихии «Ширкент»

 

Бояд гуфт, ки ёдгориҳои ғайризинда дар ин ҷо қариб 40 намудро дар бар мегиранд, ки ёдгориҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ мансуб мебошанд. Машҳуртарини онҳо изҳои суми динозаврҳо, нишонаҳои тағйирёбии сохт ва вайроншавии харсангҳо дар замонҳои хеле қадим, монеаҳои бузурги дарозиашон беш аз 5-10 км бо баландии зиёда аз 50-100 метр ва аз ин ҳам зиёд харсангҳои шабеҳи гунбаз ва қулф ва дигар нишонаҳои муъҷизаи табиӣ мебошанд. Ёдгориҳои геологии парк бозгӯи он ҳастанд, ки дар даврони қадим ин мавзеъ канори уқёнус ё баҳри азиме будааст, зеро дар он изи динозаврҳо дида мешавад.

Олимон бар ин назар ҳастанд, ки аз 160 то 140 миллион сол пеш динозаврҳои воқеӣ дар қаламрави соҳили маҷрои дарёи Ширкент зиндагӣ мекарданд.
Хатсайри сайёҳии экологии
«Аз пайи изи динозаврҳо»
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии ҳар чӣ бештари манзараҳои табиати афсонавӣ, олами бойи набототу ҳайвонот ва ёдгориҳои таърихӣ дар оянда дар Парки табиӣ- таърихии «Ширкент» меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурии сайёҳию истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Дар ин мавзеъ ҷиҳати шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ хатсайри сайёҳии экологии «Аз пайи изи динозаврҳо» барои саёҳати пиёдагардон ташкил карда шудааст. Инчунин ташкили дигар хатсайри сайёҳии экологӣ яке аз тадбирҳои дигаре аст, ки дар оянда амалӣ карда хоҳад шуд.
Ба ин ҷо сайёҳони хориҷӣ аз Русия, Амрико, Британияи Кабир, Олмон, Швейтсия барои тамошои манзараҳои зебои кӯҳистон ва изи суми динозаврҳо меоянд. Барои тамошои ба ин мавзеъ гурӯҳҳои сайёҳони дохилӣ низ зиёд меоянд.

Дар парк 7 мутахассис ва муҳофиз фаъолият дошта, ҳудуди паркро назорат ва инчунин рисолати роҳбаладиро ҳам иҷро менамоянд. Ҳар сол дар ҷамъбасти семоҳаи дуюм тамоми ҳайвонот ва набототи парк ба қайд гирифта мешавад.
Мирсаид Сатториён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД