Ширҳои “Нутрилон” ва “Малютка” бо сабаби зарарнок буданашон аз фурӯш гирифта мешаванд
16.02.2026
Oila.tj
92

“Тоҷикстандарт” падару модаронро ҳушдор додааст, ки ба кӯдаконашон ширҳои тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро надиҳанд. Агар аллакай ин намуд ғизои кӯдаконаро харидорӣ карда бошанд, онро ба мағозаҳо бозпас баргардонанд.

“Нутрилон” ва “Малютка” дар асоси муроҷиати расмии ширкати воридкунанда - ҶДММ “Рушон” “аз муомилот бозпас гирифта мешавад.

“Тибқи иттилои ширкати истеҳсолкунандаи “DANONE” эҳтимоли дар таркиби сислсила (партия)-и муайяни маҳсулоти мазкур мавҷуд будани токсини сереулид вуҷуд дорад”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Сереулид токсинае мебошад, ки баъзе навъҳои бактерияҳои “Bacillus cereus” ҳосил мекунад. Он метавонад боиси пайдоиши нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо, аз ҷумла дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва шикамрав гардад.

“Тоҷикстандарт” қайд кардааст, ки танҳо силсилаҳои муайяни омехтаҳои хушки ширӣ, шири турши кӯдакона ва ҳамчунин, ғизои махсуси кӯдаконаи зерини ширкати "DANONE" бо тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка” бозхонд карда мешаванд:

NUTRILON PREMIUM 1 400 гр - силсилаҳои 20261119, 20260808;

NUTRILON PREMIUM 2 400 гр - силсилаҳои 20260812, 20261014, 20261125, 20261222;

NUTRILON PREMIUM BIG 1 600 гр - сислсилаҳои 20260807, 20260912, 20261112, 20261210;

NUTRILON PREMIUM BIG 2 600 гр - силсилаҳои 20260808, 20261009, 20261112, 20261210, 20261230;

MALYUTKA 1 GOLD 600 гр - силсилаҳои 20260808, 20261111, 20261210, 20261230;

MALYUTKA 1 GOLD 300 гр - силсилаҳои 20260806, 20261014, 20261203, 20270107.

Ҳушдор ба дигар силсилаҳои ин маҳсулот дахл надорад ва шаҳрвандон метавонанд аз дигар силсилаҳои истеҳсолшудаи маҳсулоти ширкати “DANONE” харидорӣ ва истифода намоянд.

Бино ба иттилои “Тоҷикстандарт”, сокинони кишвар барои бозгардонидани маҳсулот метавонанд бо рақамҳои зерин тамос гиранд:

Шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - +992 934444899, +992 939998153

Вилояти Суғд - +992 934444899,

Вилояти Хатлон - +992 934444899, +992 938804954

Хотиррасон мекунем, ки чанде пеш як силсила ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN”-и ширкати “Nestlé” аз фурӯш гирифта шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД