Sebiston new 2024 october
Шоҳмансур Саидов дар бораи рақси мардона чӣ мегӯяд?
03.11.2024
ОИЛА.ТҶ
748

Аз санаи 15-ум то 18-уми октябр дар шаҳри Грозний Фейстивали байналмилалии рақс ба номи Маҳмуд Эсамбаев доир гардид, ки дар он зиёда аз 60 давлати дунё рақсҳои халқии худро намоиш доданд. Дар фестивали мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро раққос ва блогери шинохта Шоҳмансур Саидов намояндагӣ кард.

Мо бо Шоҳмансур суҳбати кӯтоҳ доштем ва ӯ бархе аз ҷузъиёти иштирокаш дар фестивалро ба мо гуфт:

- Дар фестивал рақсҳои халқӣ дар ду давр нишон дода шуданд. Ман ду рақс омада карда будам, ки яке кӯлобӣ ва дигаре бадахшонӣ буданд. Вақте ки аз номи Тоҷикистон баромад кардаму рақсҳои омода намудаамро нишон додам, хелеҳо ҳайрон шуданд, зеро албатта, бархе фикр мекарданд, ки рақси мардонаи тоҷикӣ ҳамонест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе наворҳо аз раванди тӯйҳо гузошта мешаванд. Аммо чун ба рақси касбии мардонаи тоҷикӣ шинос шуданд, нигоҳашон дигаргуна шуд ва аҳсан гуфтанд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки дар асл рақси мардонаи тоҷикӣ хеле рушд кардааст, аммо дар доираи муайяни маҳдуд. Дар интернет ва фазоҳои дастрас кам тарғиб мешавад ва дар ин ҳол бархеҳо фикр мекунанд, ки рақсҳои бемаъние, ки барои тамошобини зиёдро ҷалб кардан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд, ҳамон рақси мардонаи тоҷикист.

Ба гуфтаи Шоҳмансур дар фестивал чор ҷои ифтихорӣ буд: Шоҳҷоиза, ҷойи якум, ҷойи дуюм ва ҷойи сеюм. Мутаассифона, ҳамсуҳбати мо мақоме касб накард. Дар ин маврид ӯ чунин гуфт:

- Ягон ҷойи ифтихориро соҳиб шуда натавонистам, аммо барои ман муҳим иштирок кардану парафшонии парчами кишварам дар миёни дигар давлатҳо буд, ки албатта, ба ин расидам. Бори сеюм аст, ки дар фестивали мазкур иштирок мекунам ва албатта, солҳои оянда кӯшиш мекунам, ки бештару беҳтар кишвари азизамро муаррифӣ кунам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД