sebiston july new
“Шоми бокс” дар Душанбе
230

Имрӯз дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе мусобиқаи бокси “Шоми чемпионҳои IBA” баргузор гашта, дар он паҳлавонон аз Федератсияи Россия, Тайванд, Озорбойҷон ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.

“Шоми бокс” имрӯз, 16-уми феврал, дар Қасри теннис ва шаклҳои обии варзиши шаҳри Душанбе баргузор гашта, ин мусобиқаи шадид соати 19.00 бо вақти маҳаллӣ оғоз меёбад.

Дар мусобиқа боксёрҳои машҳур ҷаҳон-Рой Ҷонси амрикоӣ ва Умар Кремлёв аз Россия ба сифати меҳмонони фархӣ ширкат меварзанд. Хотиррасон менамоем, ки Умар Кремлёв Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокси IBA аст, варзишгари амрикоӣ Рой Ҷонс бошад, аз зумраи боксёрҳои рекордсмени ҷаҳон ба шумор меравад.

«Шоми бокс дар Душанбе рӯйдоди бузурги варзишие хоҳад гашт, ки дар он беҳтарин боксёрҳо ба ринг баромада, қудрат ва ҳунари худро нишон медиҳанд”-навиштааст dume.tj дар такя ба Федератсияи бокси Тоҷикистон.
Бокёри тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо бокёри мексикоӣ Эдуардо Нуньес барои соҳиб шудан ба мақоми номзад ба чемпиони ҷаҳон аз рӯйи варианти IBF қувваомоӣ хоҳад кард. Раҳимов дар вазни 58, 9 килограм дар 12 давр бо рақибаш мубориза мебарад.

Мухлисон метавонанд ҳамчунин набарди шадиди боксёри дигари тоҷик Баҳодур Усмоновро бо Лал Чу Эн аз Тайланд барои соҳиб шудан ба унвони “Чемпиони Осиё”дар вазни 63, 5 килограм тамошо кунанд.

Ду боксёри машҳур- Шарабутдин Атаев аз Русия ва Альфонсо Домингес аз Озорбойҷонро дар вазни 86 килограм қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ёдрас мешавем, ки Атаев чемпиони дукаратаи Федератсияи Россия мебошад, Домингенс бошад, дар Бозиҳои Олимпии соли 2020 соҳиби медали нуқра гашта буд.

Ғолиби мусобиқа $350 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот мегирад, варзишгари мағлубшуда бошад соҳиби $150 ҳазор доллар мегардад.

Натиҷаи мусобиқа маълум хоҳад кард, ки камарбанди IBA насиби кӣ мешавад.
Ба диққати мухлисони бокс мерасонем, ки чиптаҳоро аз сомонаи Ticketon харидорӣ кардан мумкин аст. Нархи чипта аз 50 сомонӣ сар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД