Шоҳруххон миллиардер шуд
12.10.2025
Oila.tj
120

Шоҳруххон, ситораи машҳури Болливуд бо сарвати як миллиарду 400 миллион доллар ба сафи миллиардерҳо пайваст ва ба яке аз сарватмандтарин бозигарони ҷаҳон табдил шуд.

Расонаҳои ҳиндӣ хабар доданд, ки Шоҳруххон дар феҳристи сарватмандтарин афроди Ҳиндустон дар соли 2025 қарор гирифтааст.

Шоҳруххони 59-сола бо ин ҳаҷми сармоя дар Арнолд Швартсенеггер, Риҳанна, Тайгер Вудз ва Тейлор Свифт қарор мегирад.

Ҷуҳи Чавла, Ритик Рошан, Амитобх Баччан ва Каран Ҷоҳар аз шахсиятҳои дигари Болливуд мебошанд, ки номашон дар ин феҳрист омадааст, аммо сарвати Шоҳрухон ба таври қобили таваҷҷуҳ бештар аз онҳо гуфта мешавад.

Шоҳруххон, ки ҳоло аз ӯ ба ҳайси подшоҳи филмҳои ошиқонаи Болливуд ном бурда мешавад, беш аз се даҳа дар санъати филмҳои ҳиндӣ фаъолият дошт ва доманаи фаъолиятҳои худро аз бозигарӣ ба мудирияти як маркази тавлиди бузург ва ҳамчунин, моликияти як тими крикет густариш додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД