Sebiston new 2024 october
Сиёсати падар набошад, кӯдак беодоб мешавад
2107

 

Меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман”

Қаҳрамонмодари ҳаштоду ҳафтсола, соҳиби дувоздаҳ фарзанд, сокини ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Қосимова Сангимоҳ ҳастанд. Саволи мо ба модари азиз чунин аст:

-Дар коста шудани одобу фарҳанги насли наврас аксарият муҳоҷирати падаронро сабаб медонанд, андешаи шумо ҳамчун як модари қаҳрамони серфарзанд дар ин бора чӣ гуна аст?

-Рисолати зани шоиста ин хизмати шавҳар, фурӯзон нигаҳ доштани оташи меҳри хонавода ва тарбияи фарзандони солим мебошад. Бонуе, ки аз иҷрои ин ҳама бо сари баланд мебарояд, рисолаташро назди ҷомеа, миллат ва виҷдони худ иҷрошуда медонад. Вале дардҳои гиреҳхӯрдае низ ҳастанд, ки кушодани кӯргиреҳи онҳо ба мо душвории зиёд меорад.

Аз касе пӯшида нест, ки имрӯз қисми зиёди мардон муҳоҷири меҳнатиянд ва бори гарони зиндагӣ, тарбияи фарзанд ва дигар мушкилоти ҳаёт дар шонаҳои нозуки зан бор шудаанд. Агар назаре ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ андозем, он танҳо хоси Тоҷикистон нест, ҳатто давлатҳои мутараққиеро номбар намудан мумкин аст, ки шаҳрвандонаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Падар такягоҳ ва сутуни оила ба шумор меравад ва хуб медонем, бе сутун сақф фурӯ меравад, албатта ин мисоли овардаи мо маҷозист, вале ҳақиқат он аст, ки нарасидани сиёсати падар дар оилаҳои тоҷик хуб эҳсос мешавад.

Аксарият дар беодобу моҷароҷӯ ба воя расидани фарзандон, хусусан наврасону ҷавонон, муҳоҷирати падаронро омили асосӣ меҳисобанд, аммо ин тавр нест.

Агар кӯдак тарбияи хуб дида бошад, ҳатто дурии падар низ наметавонад ӯро беодоб намояд, зеро дарк мекунад, ки падар маҳз ба хотири ӯ ва бародарону хоҳаронаш мусофиратро ихтиёр намудааст, то онҳо зиндагии осуда ва шароит барои таълиму тадрис дошта бошанд.

Мутаасифона, ҳастанд ашхосе, ки муҳоҷират онҳоро оилабезор мекунаду дигар парвои хонаводаи дар Ватан доштаашон намекунанд ва бори гарон бар дӯши занони бечора меафтад. Барои таҳаммул намудани ин гуна бори гарон иродаи қавӣ доштан лозим аст, вале мардони мо бояд ҳар куҷое бошанд, масъулияти падарияшонро аз ёд набароранд.

Шукронаи тинҷиву осудагии диёр ва иқдомҳои шоёни таҳсини Пешвои Миллат, дигар мо бояд дар тарбияи фарзандони хеш бепарвоӣ накунем, зеро ҳама хубиву бадии инсон аз оила сарчашма мегирад.

                                                                               Сӯҳбати Лола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД