arzon replenishment
Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии Бобоҷон Ғафуров
473

Имрўз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.


Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номоёни давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст.

Аллома Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақола оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи ҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Бо ташаббус ва таҳти таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзуъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд.

Дар байни осори Бобоҷон Ғафуров китобҳои бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ва «Тоҷикон» мавқеъи хоса доранд. Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» зиёда аз 2000 сарчашмаи дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода намудааст.

«Тоҷикон» соли 1972 дар Москва ба табъ расида, баъдан ба забонҳои ҷопонӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуд, ҳамчунин дар Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат заминаи ҷиддӣ гардид.

Маҳз ба ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан — «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» иброз доштаанд: «Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шахси покзамир ва олими дурандеш аз таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳоеро меҷуст, ки ба созандагӣ, дӯстӣ ва қаробати миллатҳову тамаддунҳо мусоидат намуда тавонанд.

Таҳқиқоти ӯ доир ба омилҳои болоравӣ ва заволи давлати Сомониён, саҳми Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Муҳаммад Иқбол ва амсоли инҳо дар тамаддуни башарият мисолҳои равшане мебошанд, ки ба густариши равобити илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва дар айни замон таҳкими худшиносии миллии тоҷикон мусоидат намудаанд».

Ёдовар мешавем, ки ҳамчун рамзи қадршиносӣ ба хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат имрӯзҳо бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мегарданд. Баргузори симпозиуми байналмилалии илмӣ аз зумраи чунин чорабиниҳо буда, гувоҳи он аст, ки Бобоҷон Ғафуров натанҳо дар Тоҷикистон,балки дар миқёси ҷаҳон яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илмӣ ба шумор меравад. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД