Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Сергей Коридзеи украинӣ Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро дар соли 2025 ба даст овард.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар финал, ки 10-уми декабр дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, бошгоҳи “Сипар” дастаи “Соро компания”-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои “Сипар”-ро Леонардо Корреа Леме, Виера Де Са Фелипе ва Агналдо Эдуардо заданд. Аз ҳайати “Соро компания” Реналдо Ренни дубл намуд.
Виера Де Са Фелипе аз “Сипар” беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки "Соро компания" соҳиби бештари Ҷоми Тоҷикистон дар таърихи футзали кишвар мебошад. Қаблан дастаи "Соро компания" солҳои 2020, 2021, 2022, 2023 ва 2024 соҳиби ин ҷоиза гардида буд. Бошгоҳи “Соро компания” аввалин бор дар таърихи хеш дар финали Ҷоми Тоҷикистон мағлуб гардид.