Ситоди мураббиёни “Истиқлол” барои мавсими нав тасдиқ гардид
05.02.2026
Oila.tj
57

Виталий Григоревич Левченко сармураббии нави дастаи “Истиқлол” шуд. Роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе ҳайати нави мураббиёни дастаро барои мавсими имсола расман тасдиқ намуд.

Дар ин бора ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Душанбе хабар дода, афзуд, ки ба сармураббӣ Виталий Левченко мутахассис аз Украина Андрей Анненков (мураббии калон) ва мураббиёни ватанӣ Анвар Норқулов (мураббии тайёрии ҷисмонӣ) ва Фаррух Бердиев (мураббии дарвозабон), инчунин мураббии таҳлилгар аз Ӯзбекистон Дониёр Муродов кумак хоҳанд кард. Мутахассисони мазкур бо Левченко се мавсими охир дар тими “Нефтчӣ”-и Фарғона фаъолият карда, дастаро дар соли 2025 ба унвони чемпиони Ӯзбекистон расонида буданд.

Бо ҳамаи мураббиён шартномаи ҳамкорӣ то анҷоми мавсим ба имзо расонида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД