1xbet
Ситоди мураббиёни тимҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз вазифа озод шуданд
11.09.2025
Oila.tj
109

Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки қарордодро бо сармураббии тими миллӣ Гела Шекиладзе пеш аз муҳлат бекор кунад.

Бино ба иттилои ФФТ, пас аз баромади ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025», ки тими мо дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, шартномаи ҳамкорӣ бо Гела Шекиладзе қатъ карда шуд.

Ҳамчунин, пас аз баромади бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки шартномаро бо Леван Хомерики тамдид накунад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мураббиён барои кори муштаракашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно кардааст.

Тавре зикр мегардад, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад, ки роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик онро тасдиқ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД