Arzon march 2024
Ситораи булҳавас
2358

 Даричаи ошноӣ 
Ному насаб: Каран Синг.
Санаи таваллуд: 23-юми феврали 1982.
Макони таваллуд: Ню Дели, Ҳиндустон.
Қад: 1, 74.
Касб: Модел, ҳунарпеша.
Вазъи оилави: Оиладор.
Ҳамсар: Бипаша Басу.

Бачаи шаҳрӣ
Каран Синх Гровер дар пойтахти кишвари афсонавии Ҳиндустон шаҳри Деҳлӣ ба дунё омадааст. Вай дар оила фарзанди калонӣ буда, як додар дорад. Ҳанӯз замони кӯдакии Каран оилаашон аз сарзамини Ҳинд ба Даммами Арабистони Саудӣ кӯч бастанд ва ӯ дар ҳамин ҷо мактаби байналмилалиро хат намуд. Каран соли 2000- ум ба ватанаш Ҳиндустон баргашта, ба яке аз донишгоҳҳои машҳури шаҳри Мумбай ба риштаи менеҷменти меҳмонхона (гостиничний менеҷмент) дохил мешавад. Ин ҷавони ҳунарманд ҳамзамон аъзои гурӯҳи мусиқии Thousand Decibels буд ва фориғ аз дарсҳо дар саҳнаи ҳунар баромад мекард...

Аз меҳмонхона ба мӯд
Пас аз хатми донишгоҳ ва гирифтани дараҷа (степен) Каран ба Мускат-Оман ба назди волидайнаш баргашта, дар меҳмонхонаи Sheraton Hotel муддати як сол аз рӯйи ихтисосаш фаъолият намуд, вале дили ин ҷавони пуршару шур ҳеҷ орому қарор намегирифт. Каран ҳис мекард, ки ин кор барои ӯ нест ва бояд пайроҳаи худро дар зиндагӣ пайдо намояд. Худованд ба ӯ қаду қомати баланду чеҳраи зебо ато намуда буд ва Каран ба Ҳиндустон баргашт, то ки худро ҳамчун модел санҷида бинад. Ба бахти ӯ кораш дар ин соҳа омад кард ва соли 2004 ум Каран дар озмуни Gladrags Mega Model Manhunt ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи “Модели шинохта” гашт.

Чеҳраи зебо-кони сарват
Пас аз ғолибият дар озмун таваҷҷуҳ ба Каран якбора афзун гашт. Акнун машҳуртарин ширкатҳои Ҳиндустон ин ҷавони мисли Юсуф зеборо ба ҳамкорӣ даъват намуда, барои тарғиби молу маҳсулоташон дар телевизион ба Каран маблағҳои калон медоданд. Туфайли чеҳраи зебояш ҷавон дар як муддати кӯтоҳ пули зиёде кор карда, ба қатори бойбачаҳо даромад, вале...

Роҳ ба сӯйи шуҳрат
Шуҳрати ҳақиқиро ба Каран маҳз синамо овард. Вай дар чанд филми телевизионӣ нақш бозид. Ин ҷавони хушсимо аз назари коргардонҳои заршиноси синамои Ҳинд дур намонд ва ин модели ҳамакораро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Аввалин нақше, ки Каран дар кино бозид, духтур Арман Маллик дар сериали “Dill Mill Gaye” буд. Ин филм аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуда, ҳунарманди ҷавон Каран Синг мухлисони зиёде пайдо намуд.
Нақшофарӣ дар силсилафилми “Согласие” шуҳрати Каранро дар байни тамошобинон афзун намуд. Филми мазкур бо забонҳои русӣ ва форсӣ тарҷума шуда, дар саросари дунё ба маърази тамошо гузошта шуд ва дӯстдорони кинои ҳиндӣ дар ақсои олам онро хеле хуш пазируфтанд. “Согласие” сафи мухлисони Каранро на танҳо дар сар то сари Ҳиндустон, балки берун аз марзи кишвараш низ зиёд гардонда, ӯро ба қатори ситораҳои Болливуд даровард.

Ситораи телевизион
Дар баробари ҳунарманди муваффақ буданаш Каран худро дар телевизион низ санҷида, ҳамчун ровии бомаҳорати шӯху гапдон шуҳрати зиёде ба даст овард. Соли 2009 ин ҷавони чолоку зирак шоу-барномаи мусиқии “Idea Rocks India”-ро дар канали телевизионии Colors TV ташкил намуда, ҳама аҳли телевизионро ба ҳайрат овард. Соли 2010 Каран дар даври сеюми шоуи машҳури “Фактор страха» иштирок намуд ва ба сараш боз як идеяи нав омад. Дере нагузашта, вай шоу-барномаи «Идеальная пара»-ро дар канали Channel V ташкил кард, ки ба “Дом-2”-и ТНТ шабоҳат дошт.
Тез-тез дар экрани телевизион ва синамо пайдо шудани чеҳраи ин ҷавони зебо миллионҳо духтаронро ошиқи шайдои Каран гардонид. Машҳуртарину зеботарин духтарони Ҳиндустон дар ишқи ин ҷавони шуҳратёр мисли шамъ обу адо шуда, тайёр буданд, ки дар оғӯши Каран бимиранд, аммо...

Никоҳи бебарор
Аввалин ҳамсари Каран Сингх Шрадха Нигам буд, вале дар мавриди ҳаёти якҷояи онҳо дар матбуот чандон маълумоти зиёде мавҷуд нест. 9-уми апрели соли 2012 Каран бо ҳунарпешаи зебо Ҷенифер Вингет ақди никоҳ баст. Онҳо ҳамроҳ дар ду телесериал нақш бозида, якдигарро хеле хуб мешинохтанд. Дар дили ин ду ҳунарманди ҷавон “Встреча сердетс” оташи ишқу муҳаббатро аланга дод. Пеш аз ин филм онҳо бо ҳам дар як филми дигар низ нақш бозида буданд, вале маҳз дар “Встреча сердетс” дилҳояшон беқаророна дар қафаси сина ба бозӣ даромада, ошиқи шайдои ҳамдигар гаштанд. Ҷенифер ва Каран ҳиссиёти худро аз дигарон пинҳон намедоштанд ва баъзан ҳатто дар пеши назари ҳамкасбонашон якдигарро ба оғӯш мегирифтанд. Ҷенифер бо тамоми ҳастӣ ба Каран ошиқ шуда бошад ҳам, ба зудӣ пешниҳоди ин марди булҳавасро қабул накард. Шавҳари якумаш ҳамагӣ пас аз 10 моҳи тӯй ба Ҷенифер хиёнат карда буд ва зебосанам аз дубора дар интихоби бахт хато кардан сахт метарсид, аммо...


 БО КАДОМ ҚАВМ АЗ РӮИ ШАРИАТ ОИЛАДОР ШАВАМ? 


 Дили дайдуи ҷавони духтарбоз

Пас аз 4 соли ишқу ошиқиҳо ин духтарбози моҳир Ҷениферро ба никоҳ розӣ кунонад. Тӯйи онҳо дар ҳалқаи дӯстону наздиконашон бисёр зебо гузашта, домоду арӯс чунон хушбахту шод буданд, ки ногуфтанӣ. Гумон мерафт, ки ин кабӯтарони ошиқ дигар ҳаргиз аз ҳам ҷудо намешаванд, вале ғайри чашмдошти мухлисон ин никоҳ дер напоид. Расман зану шавҳар бошанд ҳасм, Каран ва Ҷенифер ҳамеша аз ҳамдигар ҷудо мегаштанд. Ҳар кадом дар алоҳидагӣ аз паси фаъолияти актёрии худ буд. Онҳо дар проектҳои мухталиф иштирок намуда, дар шаҳрҳои гуногун зиндагиву фаъолият мекарданд. Табиист, ки дили ин Казановаи ҳиндӣ ба дурӣ аз зан тоб намеовард ва ӯ бо хариографаш муносибати ошиқонаро сар карда, ба ҳамсараш хиёнат намуд. Духтарбозии шавҳарашро донад ҳам, ба хотири дубора хонавайрон нашудан Ҷенифер ба Карани бевафо боз як шанс дод. Онҳо муддате бо ҳам буданд, вале ҳар шаб дар як болин сар мондан низ натавонист дилҳои аз зиндагӣ сардшудаи ин ду ҳунарманди ҷавонро дубора ба ҳам гарм карда, ин оиларо аз шикаст наҷот диҳад. Каран ва Ҷенифер дигар маънӣ надоштани зиндагиашонро дарк намуда, соли 2014 бе ягон ҷангу ҷанҷол расман аз ҳам ҷудо шуданд...

Танҳоие, ки хушбахтӣ овард
Дере нагузашта ин маччо ба ҳамкори дигараш, зебосанами чашмоҳу Бипаша Басу муносибатҳои ошиқона барқарор намуд. Онҳо ҳангоми банаворгирии филми “В одиночестве” дар майдончаи сабт бо ҳам вохӯрда, бо як нигоҳ ошиқи шайдои ҳамдигар гаштанд. Дар аввал ин ду ситора муносибатҳои хешро пинҳон медоштанд ва қиссаи ишқу муҳаббати онҳо аз чашми тезбини журналистон пинҳон намонд.
Моҳи апрели соли 2016 ин ҷуфти зебо тӯйи пуршукуҳе ороста, риштаи ҳаёташонро бо ҳам пайвастанд. Бисёриҳо гумон доштанд, ки Карани духтарбоз баъди чанд моҳ аз ин паричеҳра низ сер шуда, ӯро ҳам мепартояд, вале Бипаше Басу тавонист даричаи дили дайдуи ин ҷавони булҳавасро бо муҳри ишқаш маҳкам карда, калидашро чунон пинҳон созад, ки дигар ягон зебосанам онро пайдо карда натавонад. Каран Бипашаро чунон сахту самимона дӯст медорад, ки аз номи бади занкалон натарсида, дар суҳбат бо журналистон ошкоро гуфтааст: “Эҳтимол ман дар умри гузаштаам фаришта будаам, ки Худованд ин қадар ҳамсари зебову ҳалиму меҳрубонро ба ман лоиқ донистааст!”
Умедворем, ки муҳаббат ва хушбахтии ин ду ситораи синамои Ҳинду бардавом мемонад....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД