sebiston july new
Ситораҳо чӣ қурбонӣ карданд?
5596

 

Қурбонӣ ҳанӯз аз замони Ҳазрати Иброҳим роиҷ буда, ҳамасола мусалмонони тамоми олам дар рӯзи иди қурбон барои ризои худованд молеро забҳ мекунанд.

Оё ситораҳои санъати тоҷик низ қурбонӣ мекунанд? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо ба чанд нафар ҳунармандони шинохта занг задем.

Наимҷони Сайдалӣ:
 Буққа куштам!

Дар хонаводаи мо иди қурбонро ҳамасола ҷашн мегиранд. Мо дар ин рӯз мол кушта ба мардуми маҳалла тақсим мекунем ва онҳоро ба хонаи худ даъват менамоем. Имсол низ қудрат ба тавоноӣ гуфта барои хешу ақрабо ва дӯстону наздикамон суфраи хуби идона оростем.

-Махфӣ набошад, мегуфтед, ки гов куштед ё гӯсфанд?

-Таъриф нашавад, ҳар сол як буққа кушта ба мардум тақсим мекунем. Имсол низ ин кори хайрро анҷом додем, то ки аз савоби қурбонӣ бенасиб намонем.

-Санъаткорон ҳам ба қурбониатон омаданд ё не?

-Аз чеҳраҳои шинохта Рӯзибеки Файзалӣ, Аҳлиддин Фахриддин ва ШаҳриёриДавлат омада қурбонӣ хӯрда рафтанд.

-Худи шумо ба куҷо меҳмонӣ рафтед?

-Худатон хуб меднед, ки сарояндаҳо хоҳархонду додархонд ва модархонду падархони зиёде доранд. Мухлисону дӯстони наздикам занг зада маро ба хонаҳояшон таклиф карданд, вале бо сабаби он ки ба хонаи худамон меҳмони зиёде омад, ба ягон ҷой меҳмонӣ рафта натавонистам. Боварӣ дорам, ки аз ман намеранҷанд.

Хуҷастаи Мирзовалӣ:
Иди қурбонро дар Ҳисор ҷашн гирифтем

Ман рӯзи иди қурбон ҳамроҳи аҳли оилаамон ба хонаи бобоям, ки дар Ҳисор аст, меҳмонӣ рафта будам. Ҳамасола мо дар Ҳисор қурбонӣ мекунем. Имсол низ як барзагов куштем. Қариб тамоми мардуми деҳа омада қурбонӣ хӯрданд ва дар ҳаққи руҳу арвоҳи гузаштагонамон дуои хайр карда рафтанд.

-Худатон ба ягон ҷой даъватӣ набудед?

-Будам, вале азбаски мо дар шаҳр набудем, натавонистам ба зиёрати дӯстон равам. Фикр мекунам, ки хотирашон аз ман ранҷур гашт.
-Шунидем, ки аллакай як суруди нав низ тайёр кардаед?

-Бале дар Қалъаи Ҳисор ва Ҳулбуки Кӯлоб ду суруди тозаэҷоди хешро наворбардорӣ намудам. Худо хоҳад, рӯзҳои наздик мухлисонам ин таронаҳоро шунида баҳо медиҳанд.

Ин Афғондухтари мисли фаришта зебо ва сухандону ҳунарманд ба продюсераш ба шавҳар баромада, соҳиби як писар гаштааст, вале баъд гапашон гурехта ҷудо шудаанд.  

 


Ҳасани Чилла: 
Бузича ҳам қурбонӣ мешавад, агар аз сари сидқ бошад

Ман бо ҳамсарам маслиҳат кардам, ки дар иди қурбон як бузича харида, хешу таборро ба хона таклиф мекунем ва якҷоя гӯшти қурбониро хӯрда, ба рӯҳу арвоҳи гузаштагонамон дуо мекунем. Шукри худо, орзуям амалӣ гашт ва сари як бузичаи шӯхро гирифта, оши палав пухтем.

-Ош дар дег монд ё дӯстонатон суханатонро нашикаста меҳмон шуданд?

-Ош нарасид (Механдад)! Ҳамкоронам аз театр-студияи “Аҳорун” меҳмон шуданд, боз хешу табор ва ёру дӯстон низ омада қурбонӣ хӯрда рафанд.

Шаҳзоди Даврон: 
Ба арвоҳи падарам гӯсфанд куштам!

Мо низ мисли дигар мусулмонони кишвар ҳар сол қурбонӣ мекунем. Имсол гӯсфандеро кушта ба рӯҳи поки падари бузургвор ва бародари ҷавонмаргам қурбонӣ кардем. Мардуми деҳа ва онҳое,ки бо оилаи мо дӯсту ошно ҳастанд, омада қурбониро хӯданду ба руҳу арвоҳи гузаштагонамон дуою фотиҳа хонданд.

-Худи шумо ҳам ба ягон ҷо фотиҳахонӣ рафтед?

-Ният доштам, аммо меҳмони зиёд, ки доштем, аз хона баромада натавонистам.

Рустами Нур идро дар беморхона гузаронд?

Мо барои фаҳмидани он, ки Рустами Нур иди қурбонро чӣ гуна гузаронидааст бо эшон дар тамос шудем. Телефонро нафари дигар бардошта гуфт, ки Рустам чанд рӯз боз дар беморхона хоб аст. Беморияш вазнин набошад ҳам, саломатӣ ганҷи бебаҳост гӯён, аз паси табобат шудааст.

Мо, аҳли эҷоди ОИЛА-ТЧ ба ин сарояндаи муваффақ шифои комил хоста, бори дигар тамоми мардуми мусалмонро бо иди қурбон муборакбод мегӯем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
OLAMAFRUZ NAZIRMATOV 2019-08-13, 20:14
Бехтарин касе хурд насибш кна хдованд хамаи идхо дар Точикистон букаву гусфанд бкшан мардм бзана курбонира як каф дуо дар хаки хайркунандахо омин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
OLAMAFRUZ NAZIRMATOV 2019-08-13, 20:14
Бехтарин касе хурд насибш кна хдованд хамаи идхо дар Точикистон букаву гусфанд бкшан мардм бзана курбонира як каф дуо дар хаки хайркунандахо омин
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД