sebiston july new
Ситораи синамои ҳинд аз коронавирус мурд
746

Лата Мангешкарро 5 рӯз пеш бо
“Ковид-19” бистарӣ карда буданд
Бемории ҳамагири коронавирус риштаи умри боз як шахси машҳур ва ҳунармандро барканд. Дирӯз дар сарзамини Ҳинд бар асари ин бемории вирусӣ яке аз поягузорони синамо ва чеҳраи хеле маъруфи Болливуд, ҳунарманди нотакрор Лата Мангешкар аз олам даргузашт.
Сароянда, оҳангсоз ва ҳунарпешаи маъруфи Ҳиндустон Лата Мангешкар дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Мумбай вафот кардааст. Рӯзи сешанбе ӯро бо нишонаҳои бемории сироятии коронавирус дар ин бемористон бистарӣ карда буданд. Дар бораи марги ин ҳунарманди асил аз Ковид-19 сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ хабар додааст,-менависад сомонаи "Овози Самарқанд" дар такя ба манбааш.
Лата Мангешкар яке аз сарояндаҳои маъруфи Ҳиндустон ба шумор рафта, ӯро рамзи Болливуд ва "Булбули Ҳиндустон" мехонданд. Ин фарди сар то по ҳунар дар кинематография заҳматҳои зиёде кашида, соҳиби ҷоизаҳои бонуфуз гардидааст. Лата Мангешкар дар бисёр филмҳои ҳиндӣ бо зиёда аз 30 забон ҳунарнамоӣ кардааст. Сурудҳои Лата Мангешкарро ҳаводорони синамо тавассути филмҳои машҳуре ба мисли "Ашаара", "Ҷаноби 420", "Бобби", "Интиқом ва қонун" "Алӣ Бобо ва 40 роҳзан" хеле хуб мешиносанд. Ин ҳунарманди маъруф 92-сол дошт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД