Наим Носиров, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон рӯзи 4-уми декабр дар 43-солагӣ вафот кардааст. Сабаби марги марҳум маълум нест.
Наим Носиров ҳангоми фаъолияти футболбозӣ ҳимоятгар буд ва дар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аз соли 2006 то 2010 майдондорӣ мекард. Ӯ, ҳамчунин, дар ҳайати тими миллии ҷавонони кишвар ва дастаҳои "Регар-ТадАЗ", "Парвоз", "Энергетик", “Умед” ва “Данғара” бозӣ кардааст.
Носиров ҳамроҳ бо тими миллии кишвар дар соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро ба даст оварда, бо “Регар-ТадАЗ” се маротиба дар солҳои 2005, 2008 ва 2009 соҳиби Ҷоми президенти КФО гардидааст. Ҳамроҳ бо ин даста ӯ қаҳрамони Лигаи олии кишвар ҳам шуда буд.