Arzon march 2024
Собиқ корманди пулис аввал 36 касро парронду...
622

 

Собиқ собиқи пулис, ки як сол пеш бо сабаби нашъамандӣ аз хизмат озод карда шуда буд, дар музофоти Нонгбуалампху дар шимолу шарқи Таиланд, дар Маркази рушди барвақтии кӯдакон тирпарронӣ кард.

Дар натиҷаи ин ҳодисаи мудҳиш камтар аз 38 нафар кушта шудааст, хабар додааст, шабакаи телевизионии Thai PBS.   Миёни шумораи қурбониён 24 кӯдак низ ҳадафи тирпарронӣ қарор гирифта, ба ҳалокат расидаанд.

Дар хабар омадааст, ки кормандони пулис мошини боркаши гумонбарро дар таваққуфгоҳи манзилаш пайдо кардаанд. Вақте ба огоҳиҳои онҳо ҷавобе намешавад, тахмин мекунанд, ки ба мошини дигар фирор кардааст. Баъд аз гузашти дақиқаҳо аъзои гурӯҳи фаврӣ ба хона зада даромада, мебинанд, ки ҷасади худи сержант, зан ва кӯдакаш бо ҷароҳатҳои аз тирбардошта, хобидааст.Пас аз ташхис муйян мешавад, ки тирҳое, ки бо он худу аҳли оилаашро захмӣ кардааст, аз ҳамон пистолете, ки дар боғчаи кӯдакон парронида буд, мувофиқат мекунад ва аз ҷои ҳодиса силоҳ низ пайдо гардидааст, хабар додааст, Thai PBS.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД