sebiston july new
СОДИҚҶОН РУСТАМӢ ДАР СИННИ 56 – СОЛАГӢ ВАФОТ КАРД!
1960

Рустамӣ Содиқҷон Абдукарим, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав дар синни 56 - солагӣ аз олам даргузашт.

Яке аз аъзои хонаводаи муовини вазир зимни суҳбат гуфт, ки Содиқҷон Рустамӣ субҳи имрӯз ҷон дод. "Ин саҳар ба мо хабар расониданд, ки Содиқҷон Рустамӣ бандагӣ кардаанд. Дар бораи бемориашон ҳанӯз чизе гуфта нашудааст. Ҳоло ҷасади марҳумро аз шаҳри Душанбе ба Исфара мерасонанд", - гуфт ӯ.

Марҳум 3 апрели соли 1964 дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара таваллуд шудааст. Соли 1986 Донишгоҳи политехникии шаҳри Фрунзе (Бишкек) - ро бо ихтисоси инженер - механик хатм кардааст. То таъин шуданаш ба мақоми баланд дар вазорати саноат дар як чанд вазифаҳои муҳими давлатӣ кор кардааст.

Солҳои 1986-1988 Омӯзгори техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1988-1989 мудири шӯъбаи техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1989-1990 инструктори шӯъбаи ташкилии комитети шаҳрии комсомолии шаҳри Исфара, солҳои 1990-1991 Котиби озоди ташкилоти комсомолии техникуми саноати хӯроквории шаҳри Исфара, солҳои 1991-1992 Ҷонишини раиси созмони ҷавонони шаҳри Исфара фаъолият намудааст.

Аз соли 1992 то 995, раиси созмони Ҷавонони шаҳри Исфара, солҳои 1995-1997 муовини раиси шаҳри Исфара, солҳои 1997-2000 директори заводи спиртбарории шаҳри Исфара, солҳои 2000-2003 Муовини раиси шаҳри Исфара ва солҳои 2003-2007 муовини аввали раиси шаҳри Исфара, солҳои 2007-2008 сармутахассиси шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва Солҳои 2008-2013 Мудири шӯъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кор кардаст.

Содиқҷон Рустамӣ дар солҳои 2013-2015 муовини якуми раиси шаҳри Бустони вилояти Суғд буд ва баъд аз ин солҳои 2015-2019, директори генералии ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Рустамӣ узви Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара буд. Моҳи январи соли 2019 бо фармони Президенти Тоҷикистон, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав таъйин шуда буд.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти вазорати саноат ва технологияҳои нав аз даргузашти Содиқҷон Рустамӣ хабар дода, ба пайвандон ва ҳамаи ёру дӯстони марҳум изҳори тасаллият намудааст. Қарор аст баъд аз нисфирӯзӣ имрӯз ҷанозаи Содиқҷон Рустамӣ дар зодгоҳаш деҳаи Чоркӯҳи Исфара баргузор гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД