formula
СОРО: КОШ ШАВҲАРИ РУС НАМЕКАРДАМ!
27.10.2020
Р. Азимӣ
11734

 

Аз вақте ки аз шавҳарам ҷудо шудам, ягон рӯзи хушро надидам. Сабаби ҷудошавиамон рашк буд-рашки оламсӯзи ман! Мардакамро ба ҳар як ходачӯби сари роҳ рашк карда, моҷаро мебардоштам. Оқибат, косаи сабраш лабрез гашту талоқамро дод.

Гирёну нолон ба хонаи падару модарам баргаштам. Янгаҳоям маро таъна зада ошкоро мегуфтанд: «Ҳамааш айби худат, ҳаётатро бо дасти худат сӯзондӣ, духтари беақл!» Ягона касе, ки маро дилбардорӣ мекард, модарам буд, дигар ягон ҳамдам надоштам. Аз гапи мардум ҷонам ба лабам расид, қарор додам, ки ба Русия меравам, то гӯшам андак ором бигирад. Як дугонаам дар Маскав буд, ба ӯ занг зада ниятамро гуфтам. Ваъда дод, ки ба ман кӯмак мерасонад. Хурсанд шудам. Зуд чипта харида тарки хоки Ватан намудам, бехабар аз он ки нони ғурбат арра дорад.

Хуллас, ба Маскав омада бо ёрии дугонаам дар як тарабхона ба кор даромадам. Ба тарабхонаи мо асосан одамони сарватманд меомаданд. Рўзе ду- се руси бойбача ба тарабхона сар халонданду яке аз онҳо ба ман чашм ало кард. Росташро гӯям, ман ҳам кайҳо боз мардеро ҷӯё будам, ки дар кашидани бори зиндагӣ кӯмак расонад, барои ҳамин гаппарониҳои ӯро бо ханда қабул кардам. Мо қариб шаш моҳ хислату хӯйи ҳамдигарро омӯхтем, баъд ошиқи русам ба ман пешниҳоди хонадоршавӣ кард. Ҳарчӣ бодо бод гуфта пешнињодашро пазируфтам. Тўйи бодабдаба ороста издивоҷ намудем. Хонаи боњашамат, мошини ќимматбањо ва пулу сарвати шавҳарам маро мағруру њавобаланд кард, дигар назарам касеро намегирифт. Як солу њафт моњ зиндагї карда, соҳиби духтарча шудем. Шавҳарам номашро Виктория гузошт. Беҳуда намегуфтаанд, ки кӯзапуштро танҳо хоки лаҳад рост мекунад, баъди таваллуд кардан дарди куҳнаи ман аз нав хурӯҷ намуда, мардакамро ба ҳама рашк мекардагӣ шудам. Шабе шавҳарам аз як шабнишинӣ маст баргашт. Як поси шаб бошад ҳам, хонаро ба сарам бардошта қиёматро қоим кардам, ки ту дар оғӯши кадом беваи ҳаром будӣ. Одатан шавҳарам ба сари ман даст намебардошт, вале он шаб дигар худро идора карда натавониста, чунон маро лагадкӯб кард, ки қариб мурда будам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, саҳар маро зӯран ба аэропорт бурд ва билет харида ба тайёраи самти Душанбе савор карда гуфт: «Ман маймун нестам, ки бо ту барин зани беақлу бефаросат маймунбозӣ карда шинам. Дигар ягон вақт ба чашмам нанамо…»

Њамин хел ману фарзандам дар кӯча мондем. Чор сол мешавад, ки бо духтарчаи падардори бепадарам овораю сарсону ҳайронам. Саргузаштамро ба он хотир ба Оила» навиштам, ки ба дигар занҳо дарси ибрат шавад. Ҳеҷ гоҳ орзуи мулки бегонаю шавҳари бегонаро накунед, чунки бегона ҳеҷ гоҳ хеш намешавад. Падари духтарам тоҷик мебуд, шояд дар бадали ин чор сол як бор маро не, ақаллан фарзандашро суроғ мекард, вале бегона, ки ҳаст, парвои мо надорад. Аз издивољ карданам пушаймонам, чунки ба худам дарди сар харидам. Хатои маро такрор накунед, дугонаҳои азиз!

Соро, хонандаи «Оила»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД